Ҳабси 5 сокини Конибодом барои таблиғоти махфии салафия

Shared to Facebook

Бино ба гузориши Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Суди шаҳри Конибодом 5 сокини ин шаҳрро барои ҷиноят алайҳи сохти конститутсионии давлат, таблиғоти махфиёна ва ташвиқи ҳаракати дар Тоҷикистон мамнуъи салафия барои солҳои гуногун равонаи зиндон кард.

Инҳо Умар Ашӯрови 22-сола, Султон Исмоилови 38-сола, Наврӯз Мавлонови 40-сола ва Дамир Собирови 37-солаву Бурҳон Тӯхтаев 45-сола будаанд, ки бар асоси моддаи 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шуданд.

Дар гузориши телевизионии Раёсати ВКД, ки тавассути барномаи “Ахбори ВКД”-и Телевизиони Тоҷикистон нашр шуд, зимни намоиши видео аз ҷараёни мурофиаи судии ин панҷ сокини шаҳри Конибодом гуфта шуд, ки “нафарони дар курсии айбдорӣ нишаста қасдан ҷиноят бар муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатиро содир намудаанд. Ин гуруҳ ба ақидаҳои ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯъи “Салафия” пайравӣ намуда дар ҳудуди шаҳри Конибодом фаъолияти ғайриқонунӣ аз ҷумла ҷамъомадҳои мақсаднок ташкил ва адабиётҳои мазмуни ифротӣ доштаро истифода бурда як ҷамъияти махфиро ташкил кардааст”.

Бо ҳукми Суди шаҳри Конибодом, айбдоршаванда Собиров Дамир Давронович, ки қаблан низ бо моддаи 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, ин маротиба ба муҳлати 6 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон гардидааст.

Чаҳор нафари дигарро барои панҷсолӣ равонаи зиндон кардаанд. Ҳамаи онҳо дар зиндони низомаш шадид давраи ҷазоро пушти сар хоҳанд кард.