Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 август барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон рафтанд.
Дар ин сафар Президентро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар фурудгоҳи Ашқобод, ки бо парчамҳои Тоҷикистону Туркманистон ва сафҳои горди фахрӣ ороста шуда буд, Президенти Тоҷикистон намояндагони воломақоми Туркманистон истиқбол гирифтанд.
Дар назар аст, ки имрӯз, 4 август, дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ миёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар баррасӣ мегардад. Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ имзои якчанд санади нави ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст.
Мақомот мегӯянд, ин сафар идомаи мантиқии дидору мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишвар буда, интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ бахшад.
Ташрифи давлатии Президенти Тоҷикистон ба Туркманистон баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар арзёбӣ мешавад.