Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муслимович Муҳаммадиев аз дунё даргузашт, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Муҳаммадиев пас аз бемории вазнин дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.
Муҳсин Муҳаммадиев дар рушди футболи тоҷик саҳми бебаҳо гузошта, дар хотираи мухлисон, ҳамкорон ва шогирдонаш абадан боқӣ хоҳад монд.
Роҳбарият ва кормандони «ИмрузMedia» ва ШТР «Шаҳри ман» ба оила ва дӯстони ситораи дурахшони футболи тоҷик, Муҳсин Муҳаммадиев ҳамдардии амиқи худро баён менамояд.




