Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев рӯзи 15 сентябр дар Қасри миллат мулоқот карданд.
Президенти Қазоқистон рӯзи гузашта бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овард.
“Дар мулоқот масоили рушду густариши робитаҳои шарикию стратегии ду кишвар ва мавзуъи мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.
Сарвари давлати Тоҷикистон дар мулоқот аз сатҳи рушдкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама ҷанбаҳо изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Ҷонибҳо ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Зимни мулоқот ҳар ду ҷониб барои таъсиси корхонаҳо ва марказҳои муштараки тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва баргузории вохӯрии навбатии машваратӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд.
Дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ — вазъи сиёсию низомии Афғонистон, инчунин ҳолати мураккаб ва дар вартаи фоҷиаи гуманитарӣ қарор доштани мардуми ин кишвар муҳокима карда шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеъи ягона ва устувори Тоҷикистонро нисбат ба ҳалли фарогири қазияи ин кишвар таъкид намудаанд.