Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22 сентябр дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷоратии берунаи Маҷористон Петер Сийярто мулоқот анҷом додааст:
“Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин вазъи амниятии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.