Дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе — Инвест-2021”, ки ҳафтаи сипаришуда дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид, миёни субъектҳои бахши давлатию хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон 11 санади нави ҳамкорӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудаанд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод.
Дар Форуми мазкур қариб 400 нафар меҳмонон аз давлатҳои хориҷӣ, сармоягузорон, соҳибкорон ва шарикони рушд иштирок намудаанд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дар Форум ба таври онлайн суханронӣ кард, гуфт, Форуми мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ва рушди иқтисоди ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ба гуфтаи Раиси шаҳр, фазои сармоягузории Тоҷикистон, бахусус дар пойтахт беҳтар гардида, ба марҳилаи сифатан нав баромадааст.
“Татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ тайи солҳои охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба таври мунтазам рушд намуда, бо муҳайё намудани имконият ва додани имтиёзҳо ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш дода шуд”, — гуфтааст Рустами Эмомалӣ.
Муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид гуфтааст, ки айни замон соҳибкорони тоҷикистонӣ бо зиёда аз 100 кишвар робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба роҳ мондаанд.
Ҳадафи Форум муаррифии имконияти сармоягузорӣ, фаъол гардонидани раванди ҷалби сармоя, таҳкими раванди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, баланд бардоштани неруи содиротӣ, густариш додани ҳамкории соҳибкорону сармоягузорон байни давлатҳо, таъмин намудани имконияти рушди соҳибкории муосир ва дар маҷмӯъ, мусоидат ба вусъат бахшидани татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ вобаста ба саноатикунонии ҷумҳурӣ арзёбӣ шудааст.