Соҳибкорони бурунмарзӣ ба Форуми «Dushanbe Invest–2025» даъват шуданд

Shared to Facebook

Бо мақсади таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва густариши робита бо доираҳои сармоягузории хориҷӣ мулоқоти маҷозии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Раҳимзода бо гурӯҳи соҳибкорони фаъоли бурунмарзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Зимни мулоқот Султон Раҳимзода таваҷҷуҳи соҳибкорони бурунмарзиро ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest–2025», ки 14–16 октябри соли равон  дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҷалб ва ҳамзамон онҳоро ба иштироки фаъолона дар ин форум даъват намуд.

Дар анҷоми мулоқот Султон Раҳимзода саҳми соҳибкорони бурунмарзиро дар таблиғи имконоти сармоягузории мамлакат арзишманд дониста, зарурати ба роҳ мондани тамоси мунтазам ва ҳамкории фаъолро таъкид намуд.