Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум баргузор шуд

Shared to Facebook

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон талаб намудааст, ки назорати прокурориро дар самти пешгирӣ намудани  шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таъмини амнияти иттилоотии кишвар пурзӯр карда, ҷиҳати коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ, бахусус авбошии гурӯҳӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани ҳолатҳои сохтакорӣ ва изофанависии ҳисоботҳои оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ чораҳои иловагии қатъӣ амалӣ намояд.

Бино ба гузориши котиботи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ин дархост дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баъд аз шуиндани ҳисоботи Прокурори генералӣ “Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Тоҷикистон дар соли 2020” садо дод.

Ҳамчунин, дастур дода шудааст, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти назорати риояи дақиқ, иҷрои бечунучаро ва якхелаи қонунҳо, ошкор ва бартараф намудани мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, аз байн бурдани шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар рафти таҳқиқу тафтиши пешакӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатию тафтишотӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, раванди муҳоҷират ва ҳифзи сиҳатии мардум, пешгирии ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, баррасии пурра ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тақвият бахшанд:

“Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бобати баланд бардоштани самаранокии иштироки прокуророн дар баррасии судии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ, татбиқи чораҳои дахлдор нисбати санадҳои судии хилофи қонун ва назорати иҷрои санадҳои судӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷинояту муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки боиси расонидани зарарҳои ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, тадбирҳои муассир андешида шаванд”, — омадааст дар гузориш.

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум рӯзи 25 январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ баргузор гардид. Дар иҷлосия, аз ҷумла, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ” ва “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” муҳокима шуда, ҷонибдорӣ гардидаанд.

Зимнан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” муносибатҳои вобаста ба уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода, ба таври муфассал тартиби даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ва ба хизмати ҳарбӣ дар асоси ихтиёрӣ дохил шудани шаҳрвандонро муайян намудааст. Дар баробари ин, қонун хусусиятҳои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро пешбинӣ намудааст. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа ва супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус ташкил ва гузаронида мешавад. Андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумат муқаррар менамояд. Дар иртибот ба қонуни мазкур ба як қатор қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти бархе аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ илова ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд нисбати номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз – судя, барои кор дар мақомоти прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷро ва мақомоти гумрук талаботи иловагии адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок муқаррар карда мешавад.

Инчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар ҷонибдорӣ намудаанд.

Ба ғайр аз ин, бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон “Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус” баррасӣ гардида, он аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ якдилона қабул карда шудааст.

Тибқи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон, бо қарори Маҷлиси миллӣ Самадзода Турахон Давлат бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шудааст.

Дар иҷлосияи панҷум Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо дарназардошти ҳадаф ва афзалиятҳои фаъолияти палатаи болоии мақомоти олии қонунгузори кишвар, дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати дар соли 2021 тақвият додани раванди амалисозии дастуру супоришҳои Маҷлиси миллӣ, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии он дарҷ гардидаанд, вазифагузорӣ намудааст. Аз ҷумла, аз аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ба амал оварда шудааст, ки дар баробари пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, шарҳу тавзеҳ ва амалигардонии қонунҳои қабулшуда, ҷиҳати амалисозии ташаббусҳои созанда ва нақшаҳои ватандӯстонаи хеш дар роҳи ободу зебогардонии кишвар ба истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон азму талоши бештар равона намоянд.