Новобаста аз рушди рӯзафзуни расонаҳои рақамӣ, радио то ҳол яке аз самараноктарин василаҳои таблиғотӣ боқӣ мемонад.
Радио — имконияти хубест барои дастрасӣ пайдо намудан ба аудиторияи васеъ. Радиоро дар мошин, дар ҷои кор, дар вақти истироҳат, дар гӯшмонакҳо, хулоса дар ҳама ҷо гӯш мекунанд. Аксар вақт радио ҳамчун замина фаъол аст, вале муҳтавои он дар зеҳн боқӣ мемонад. Агар хоҳед, ки ба зудӣ дар бораи худ ба миқдори зиёди муштариёни эҳтимолӣ маълумот диҳед — василаи беҳтар аз радио вуҷуд надорад!
Ба назар чунин менамояд, ки радиостансияҳо имрӯз он қадар машҳур нестанд, аммо ин ақида нодуруст аст. Ба иттилои Mediascope, ҳар рӯз тақрибан 55% аҳолӣ радио гӯш мекунад ва 80% ҳадди ақал як маротиба дар як ҳафта радиои дӯстдоштаашонро мешунаванд. Ғайр аз ин, бисёр одамон радиоро онлайн мешунаванд ва радиостансияҳое, ки онлайн фаъолият мебаранд, маъруфият пайдо мекунанд.
Яке аз бартариҳои асосии таблиғ дар радио — ин таъсироти садоӣ (аудиоэффектҳо) мебошад. Чуноне ки тасвирҳои зебо метавонанд имиҷи брендро созанд, садо низ ҳамин тавр кор мекунад. Ғайр аз ин, метавон шиори «вирусӣ»-е таҳия намуд, ки шунавандагон онро муддати дароз дар хотир нигоҳ хоҳанд дошт.
Бо ёрии радио метавон таблиғи маҳсулоти худро ба як бахши мушаххаси аудиторияи мақсаднок равона кард. Масалан, ба ронандагон, зеро то имрӯз радиоро дар дохили мошин нафарони зиёд гӯш мекунанд.
Набояд фаромӯш кард, ки дар шароити муосир ҳар як маъракаи таблиғотӣ бояд тавассути якчанд шабака анҷом дода шавад. Масалан: радио, таблиғ дар нашрияҳо ва расонаҳои интернетӣ.
Таблиғи пурра дар Тоҷикистон:
Тарғиби самаранок, мувофиқа ва ҷойгиркунии босифат!
Маҳсулоти арзандаи PR. Студияи шахсӣ ва шарикони боэътимод дар Русия, Беларус ва Қазоқистон!
Тез, босалоҳият ва босифат!
Мехоҳед ба дастовардҳои назаррас ноил гардед? Занг занед:
+992 93 100 7777
+992 30 700 7777
Аз таваҷҷуҳи Шумо ҳамеша шод ҳастем!