Медиа — Алянси Тоҷикистон барои журналистони ҷавон, донишҷӯёни курсҳои болои факултаҳои журналистика, блогерон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вилояти Суғд озмуни интихобӣ барои иштирок дар мактаби зимистонаи омӯзиши видео ва истеҳсоли контентро эълон мекунад.
Мактаби зимистона оид ба омӯзиши видео ва истеҳсоли контент аз 14 то 23 декабри соли 2022 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон гузаронида шуда, дар он коршиносон оид ба меъёрҳои байналмилалии журналистикаю этикаи журналистӣ, саводи иттилотӣ, аксгирӣ, тарзи гирифтани видео ва танзими он, техникаи мусоҳиба ва ғайра дарсҳои амалӣ хоҳанд гуфт.
Баъди хатми мактаби зимистона иштирокчиён он имкон пайдо мекунанд, ки дар асоси гонорар дар ҳамкорӣ бо МАТ маводҳои худро омода кунанд.
Хоҳишмандони иштирок дар омӯзиш метавонанд дархости онлайниро https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLScjkG6Nsy35WsAReYpNBjqHRhMvs0kIfC1jvzkttNjfv39ElQ/viewform?vc=0&c=0&w=1&flr=0&gxid=-8203364 то 11 декабри соли 2022 пур кунанд.
Барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 93 525 93 13 аз соати 09:00 то 17:00 рӯзҳои корӣ занг занед ва ё ба суроғаи электрони mat.all.tj@gmail.com нависед.
Мактаби зимистонаи МАТ бо дастгирии Комиссия оид ба рушди демократияи назди сафароти ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.