Аҳмад Масъуд дар Душанбе: Толибон Афғонистонро ба зиндони бузург табдил додаанд

Shared to Facebook

Ин изҳороти роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 30 ноябр дар конфронси байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар пойтахти Тоҷикистон садо дод. Дар ин ҳамоиши дурӯза, ки таҳти унвони зери унвони “Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо” баргузор гардид, беш аз 120 нафар коршиносону сиёсатмадорон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

“Имрӯз Афғонистон табдил ба як маркази омӯзишӣ ва сарбозгирӣ барои гуруҳҳои террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ ва як зиндони калон барои мардуми он табдил шудааст, ки ин дар натиҷаи мустақими аъмоли Толибон аст”, — изҳор дошт Аҳмад Масъуд.

Вай гуфт, мардуми Афғонистон, кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ медонанд, ки талошҳои пайгири онҳо дар ростои даъвату тарғиби “Толибон” барои тағйир натиҷа надодааст:

“Толибон бар хилофи омӯзаҳо ва боварҳои исломӣ ва арзишҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ равишҳои ифротӣ ва золимонаи худро болои мардуми мо таҳмил кардаанд”, — нигаронӣ кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки баъди ғасби қудрат аз сӯйи ҳаракати радикалии “Толибон” дар моҳи августи соли 2021, шаҳрвандони ин кишвар, бахусус занону духтарон, аз ҳуқуқи ибтидоии хеш маҳрум шудаанд. Дар баробари ин, буҳрони башарӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ домангири мардуми ин кишвар шуда, ҳамзамон бо далели афзоиш ва ёфтани паноҳгоҳ дар қаламрави Афғонистон таҳдиду хатарҳои мустақиму ғайримустақим аз сӯйи созмонҳои террористӣ ба минтақа ва ҷаҳон афзудааст:

“Ҳадафи мо ин аст, ки ҳама шаҳрвандони Афғонистон — зану мард — аз ҳуқуқи комил ва баробар, бархӯрдор бошанд. Бинобар ин, мо бар иловаи тамаркуз бар омӯзиши духтарон, бар таъмини ҳуқуқи асосии тамоми мардуми Афғонистон, ки ҳаққи омӯзиши хуб як бахши он аст, таъкид намуда ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мехоҳем, то дар ин росто талошҳои ҷиддӣ ва амалӣ намоянд. Мардуми Афғонистон лоиқ ба маротиби бештар аз он чӣ ҳастанд, ки тақозо мешавад. Мардуми мо лоиқи зиндагии иззатманд, озод ва мустақил ҳастанд ва ҳақ доранд, ки худашон дар таъйини сарнавишташон нақши асосӣ дошта бошанд” — таъкид кард Аҳмад Масъуд.

Дар айни замон вай изҳор дошт, ки суқути ҷумҳурият дар Афғонистон кадом шокӣ ё сюрприз набуд, балки солҳо қабл нишонаҳои он бармало буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд аз қабл нигарониҳо дар мавриди қазияи Афғонистон ба шахсиятҳо ва раҳбарони миллии Афғонистон, масъулини ҳукуматӣ расонида мешуданд, маҳз набудани таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва адами расидагӣ ба ин нигарониҳо боиси ба вуҷуд омадани фоҷиаи 15 августи соли 2021 ва аз даст рафтани озодӣ, иззат, амният ва сармояҳои модиву маънавии як кишвар гардид:

“Пас сюрпризе вуҷуд надошт ва ба вузӯҳ суқут пешбинӣ мешуд ва қобили ҷилавгирӣ буд. Аммо хушбинии казоӣ ба ваъдаҳои “Толибон”, ба унвони мисол, раҳоии 5000 ҳазор зиндоние, ки бо замонати баъзе кишварҳо анҷом шуд, ки қарор буд ба суфуфи ҷанг напайванданд. Аммо ҳамаи мо шоҳид будем, ҳамаи он нерӯҳо бар хилофи тааҳҳуд ба ҷанг баргаштанд. Баъд аз суқути ҷумҳурият ва дар натиҷаи тасхири низомии Кобул ва идомаи сиёсати зӯру хушунати Толибон, муқовимати мардон ва занони Афғонистон дар шаклҳои мухталиф ба ҷӯш омад”.

Дар айни замон ба гуфтаи ӯ, ҳаводиси наздик ба шонздаҳ моҳи гузашта дар Афғонистон ва таҳлилҳои коршиносӣ ҳокӣ аз онанд, ки “Толибон” дар иддаои худ барои овардани сулҳу сабот дар кишвар шикасти комил хӯрда ва қодир ба идораи вазъ нестанд:

“Ҷобаҷоӣ, таълимот ва сарбозгирии гурӯҳҳои террористии минтақаӣ ва байналмилалӣ, кишт, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, террор ва нопадид шудани низомиён ва коркунони давлатӣ, боздоштҳо, шиканҷа ва муҳокимаи саҳроӣ, кӯчи иҷборӣ, ҷиноёти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият, наслкашӣ ва ноамниву набуди қонун дар Афғонистон ба таври бесобиқае рӯ ба афзоиш аст, ки ҳамаи инҳо таҳдидҳои ҷиддӣ ба мардуми Афғонистон, ба минтақа ва ба ҷаҳон мебошад.

Барнома ва тамосҳои ҷудо-ҷудои кишварҳо бо “Толибон” ба хотири мақосиди тактикии амниятиашон, на танҳо роҳгушоӣ барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа набуда, балки дар дарозмуддат хатари тақобули манофеъ ва тадовуми ҷангу нооромиро бештар месозад.

Ҳарчанд дар моҳҳои ахир талошҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар форматҳои мухталиф ба хотири ҳалли буҳрони Афғонистон шакл гирифт, ки мо аз он истиқбол мекунем, аммо бовармандем, ки ҳамоҳангӣ ва тадовум ба хотири расидан ба як иҷмоъи умумӣ барои ҳалли мушкили Афғонистонро зарурӣ медонем.

Мо ҳалли муъзалот ва нигарониҳои матраҳшударо дар таомулҳои тактикии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бо “Толибон” намебинем. Балки ҳалли мушкили асосии Афғонистон, нигарониҳои мутааддиди минтақа ва ҷаҳонро дар эҷоди як механизми ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ барои кӯмак ба мардуми Афғонистон ва таъсиси низоми сиёсии ғайримутамаркиз, машрӯъ ва мунтахаб дар ин кишвар медонем.

Густариши муқовимат ва истодагии бонувон дар дохили Афғонистон ва шаклгирии иҷтимоъот, эътирозот ва ҷараёнҳои мухолифи “Толибон” дар берун аз кишвар нишондиҳандаи норизоятии ҷиддии мардум ва нухбагони кишвар аз вазъияти мавҷуд аст.

Шояд тафовути дидгоҳ дар рӯйкарди мавҷуд бошад, аммо дар усул ҳама‎и ҷараён‏ҳо хостори тағйир аз вазъияти мавҷуд ба вазъияте ҳастанд, ки мардум дар таъйини сарнавишташон нақши асосӣ дошта бошанд, ки шаклгирӣ ва фаъолияти Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон дар Анқара, конфронси шахсиятҳои миллӣ дар Вена ва нишасти амниятии Ҳирот дар Душанбе нишондиҳандаи ин талошҳост.

Бовари мо бар он аст, ки таркибе аз муқовимати муассири сиёсӣ, маданӣ ва низомӣ, дар баробари “Толибон”, ки шомили фидокориҳои зиёде аст, шароити воқеъбинонаро барои музокироти маънодор, мусолиҳа ва дарёфти роҳҳалҳои доимӣ барои муъзали бунёдини Афғонистон мусоид месозад. Дар ин росто бар хилофи назарияи классик дар қисмати музокира аз мавқифи қувват ва ё мавқифи заъф, мо мантиқан ба музокира аз мавқифи арзишҳо, усул ва виқор ҳастем”, — изҳор дошт ӯ.

Аҳмад Масъуд таъкид кард, ки “Толибон” ба ҳеҷ унвон тағйир накарда ва ҳанӯз ба сиёсати такравӣ, таҳаҷҷур ва сиёсати истибдодии хеш таъкид дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар 28 соли гузашта, Толибон арзишҳои исломӣ, фарҳангиву инсонӣ ва усули мундариҷ дар маншури Милали Муттаҳид ва Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башарро, ки Афғонистон як узви он мебошад, ба таври ҳадафманд нақз кардаанд. Қатъномаи Маҷмаъаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди Афғонистон, ки се ҳафта пеш ба тасвиб расид, “нигаронии амиқи худро нисбат ба таҳаввулот ва навасонот дар Афғонистон аз замони тасаллути “Толибон” то акнун нишон медиҳад”. Ин қатънома изъон медорад, ки “Толибон” кишварро ба шароити вахим мувоҷеҳ хоҳанд кард.