Муҳоҷират: Русия қоидаҳои нави вурудро ҷорӣ кард

Shared to Facebook

Рӯзи 29 декабр дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки тибқи он, муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёне, ки ба ин кишвар ба муддати тӯлонӣ мераванд, бояд ҳатман изи ангуштонашонро супурда, сурат гиранд ва аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Бино ба шарҳи Вазорати корҳои дохилии Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ ин расмиётро бояд дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ва хориҷиёне, ки дар Русия мақсади кор надоранд — дар муддати 90 рӯз (3 моҳ) анҷом диҳанд.

“Муҳоҷирони меҳнатӣ ва хориҷиёне, ки ба Русия ба муддати зиёда аз се моҳ сафар мекунанд, бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузашта, изи ангуштонашонро (дактилоскопия) супоранд”, — гуфта шудааст дар шарҳи тағйири ин қонун.

Гуфта мешавад, муоинаи тиббӣ аз супурдани тест ба ташхиси надоштани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сирояти ВНМО ва вобаста набудан ба нашъамандиро дар бар мегирад.

Супоридани изи ангуштон ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба шаҳрвандони Беларус; кӯдакони синни аз 6-сола поинтар; шахсони мансабдори созмонҳои байналмилалӣ; дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ ва дигар категорияҳои шаҳрвандон зарур нест.

Мувофиқи фармони ВКД, муҳоҷирони кории изи ангуштонашонро супурда ба гирифтани патенти кор дар шакли корт бо чип, ки тасвири электронии рӯй (симо) ва изи ангуштони дастро дорад, оғоз мекунанд.

Дар корт силсила ва рақами патент, ному насаб ва номи хонаводагии дорандаи он, рӯзу моҳ ва соли таваллуд, шарвандӣ, силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, касбу кор ва ихтисос ва РМА дарҷ хоҳад ёфт. Дар он ҳамчунин номи минтақае, ки шахс дар он кор мекунад, зикр мешавад.

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи ҳатман супоридани изи ангуштон ва гузаштан аз муоинаи тиббиро барои муҳоҷирони корӣ аз 1 июл ба имзо расонид.

Қаблан вазири корҳои дохилаи Русия Владимир Колоколтсев фармон содир намуд, ки мувофиқи он ба муҳоҷирони корӣ дар Русия дар шакли корт бо чип, ки тасвири электронии рӯй (симо) ва изи ангуштони дастро дорад, патенти кор дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки аз 1 январ шаҳрвандони хориҷиро барои фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ натанҳо ҷаримабандӣ, балки аз қаламрави кишвар низ хориҷ карда метавонанд.

Дар Вазорат зикр кардаанд, ки муҳлати амали чораҳои муваққатии аз ҷониби президенти Русия ҷоришуда барои муҳоҷирони корӣ 31 декабр ба охир мерасад.

Ба иттилои Вазорат, аз моҳи марти соли 2020 зиёда аз 7 млн нафар хориҷиён ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ гирифта, 1,5 млн нафар аз онҳо будубоши худро дар қаламрави Русия ба қайд гузоштаанд.

ВКД Русия ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ҳуҷҷат надоранд, боисрор тавсия медиҳад, ки то 31 декабри соли 2021 ҳарчи зудтар ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.

Ғайр аз ин, ба корфармоён лозим аст, ки бо кормандони хориҷӣ муносибатҳои корӣ роҳандозӣ намуда, дар муҳлати се рӯз дар ин хусус огоҳ кунанд.

Ҳаҷми ҷарима барои кормандони ғайриқонунӣ то 5 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, аз соли оянда нисбат ба онҳо “чораҳои марбут ба ихроҷ аз қаламрави Русия ва манъи вуруд барои бозпас омадан андешида шуда метавонанд”.

“Корфармоён барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор барои ҳар кадоме аз чунин корманд то 800 ҳазор ҷарима шуда метавонанд”, — хабар додаанд дар Вазорат.

Зимнан, аз ин қабл намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров хабар дод, ки ба 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба далели ягон қонуншикании хурд аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум карда шуда буданд, дигарбора ҳаққи сафар ба он кишвар дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамаи ин 120 ҳазор нафар иҷозати сафар ба Русия дода шудааст ва шаҳрвандон метавонанд будан ё набудани исми худ дар рӯйхатҳои сиёҳи Русия дар сомонаи сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия пеш аз азми сафар тафтиш кунанд.