COVID-19: Наздик ба 30{7fae7d3210038c923b19efe3ba7d28d4385a99b0ff0db68682322141649f6360} аҳолии Тоҷикистон ваксина гирифтаанд

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон 29,5 фоиз аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 ваксина карда шудаанд. Аз ҷумла, то 17 август, 77 дарсади сокинони шаҳри Душанбе ваксина гирифтаанд.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ маълумот дод.

“То ба ҳолати шоми 17 августи соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷумҳури Тоҷикистон 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 212 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ гирифтаанд”, — хабар дод манбаъ.

Мақомот мегӯянд, аз давраи хуруҷи бемории каронавируси COVID-19 ба Тоҷикистон 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина ворид карда шуда, маъракаи иммунизатсия бар зидди ин беморӣ дар саросари ҷумҳурӣ босуръат идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, аз 3 июли имсол ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Ваксина ба сокинони ҷумҳурӣ ройгон гузаронида мешавад.

Дар ҳоле аз ваксинакунонии босуръат дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, ки ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ дар сатҳи начандон баланд арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 51 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар айни замон, тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар шабонарӯзи гузашта 68 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шудаанд.

Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти расмӣ, аз аввали бақайдгирӣ то 19 август дар Тоҷикистон 16326 нафар гирифторони сирояти коронавируси COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16053 нафар (98,3{7fae7d3210038c923b19efe3ba7d28d4385a99b0ff0db68682322141649f6360}) шифо ёфтаанд. Бар асари ин беморӣ 124 нафар фавтидаанд.