Душанбе — маъвои дили Осиё

Shared to Facebook

“Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст”.

(Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон)

Иқдоми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавриди муаррифии шуҳрати ҷаҳонии Душанбешаҳр дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қобили пуштибонӣ аст.

Мо, тоҷикони соҳибдевону соҳибкитоби бостонӣ, аз замони бостон китобро беҳтарин туҳфа медонистем. Китобҳо аз таърихи шаҳр ва Ватани маҳбубамон барои меҳмонону сайёҳон нисбат ба дигар туҳфаҳо беҳтар аст. Дар тӯли 12 соли фаъолияти дипломатӣ дар хориҷа садҳо нусха китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарони давлатҳо, сиёсатмадорон тақдим намудаам.

Бо вуҷуди инқилоби фарогири иттилоотӣ ва авҷи рушди алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳанӯз ҳам на ҳар сокини пойтахт ба таърихи пуршарафи Душанбе дастрасӣ дорад. Ин шаҳр тарҷумаи ҳоли миллат, таърихи тиллоии давлатдорӣ, ҳадиси рӯҳафзои маънавӣ ва таҳдоби кохи шуҳрати тоҷикон мебошад.

Шаҳршиносон ва муаррихони аҳди бостон ва имрӯз шаҳрро маъво ва гаҳвораи бузургон арзёбӣ мекунанд. Порис, Рум, Қоҳира, Ҳирот, Балх, Афина, Бухоро, Теҳрон, Шероз бузургонро ба доираҳои адабию илмӣ сарҷамъ намуда, мактабҳои бузурги илму фарҳангро пойдор намудаанд. Дар асоси тақсимоти ҳудудӣ, мутаассифона, марказҳои бузурги тоҷикон насиби миллати мо нагардиданд.

Дар ибтидои қарни бистум деҳаи Душанбеи водии Ҳисор пойтахти Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоқикистон интихоб шуд. Азбаски тоҷикон дар шаҳрсозию ободкориҳо ҳамто надоранд, аз ин деҳи кӯчак шаҳр, пойтахт бунёд карданд. Ин миллати Рудакитабъу Рустаминпайкару Синонаҷоти дунёдору дунёсоз дар таърих борҳо пойтахту марказашро бунёд намудааст.

Таърихи то Истиқлолияти давлатии шаҳрро муаррихони шӯравӣ ва маҳаллӣ комилан таҳқиқ карданд. Вале ман дар қолаби хотираву андешаҳо роҷеъ ба баъзе паҳлӯҳо ва дастовардҳои рушди пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мулоҳиза меронам. Беш аз нисфи умрам ва бурду бохти фаъолияти касбиям дар шаҳри биҳиштосои Душанбе сипарӣ гардидаст. Аз ин рӯ, зарурат ба маъхазу манбаъҳо нест. Он чиро дар дилу зеҳнам сабт гардида буд, пешкаши хонандагон менамоям.

Чун сухан аз шаҳр, пойтахти даврони Истиқлол меравад, дар мадди аввал мо бояд номи шаҳрофари замон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намоем. Ман бо далелҳои шаъйӣ як тасмими ҷиддии тақдирсози Пешвои муаззами миллатро ёдрас мекунам, ки то ҳол аз ёди муаррихону ҷомеашиносон дар канор мондааст. Дар охирин рӯзҳои фаъолияти президентии шодравон Раҳмон Набиев гурӯҳҳои ҷудоихоҳ барномаро барои кӯчонидани пойтахт ба Ленинобод таҳия намуданд. Шодравон профессор Карим Абдулов он вақт ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи президент низ дар яке аз мусоҳибаҳояш зикр кард, ки “ба хотири бехатарӣ ва фаъолияти бемудохила ба кори Сарвари давлат бояд муваққатан то ба эътидол омадани вазъ дар шаҳри Душанбе ситоди роҳбарии кишвар ба ҷойи бехавф кучонида шавад”. Баъди истеъфои Раҳмон Набиев ин масъала комилан аз байн рафт, вале дар анҷоми кори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Сарвари давлат дар бинои ҳукумати вилояти Ленинобод фаъолияти гуруҳи кории ҳукуматиро дар Душанбе ба муҳокима гузошт. Собиқ раиси вилоят пешниҳод кард, ки ба шаҳри Душанбе умуман рафтан зарур нест, аз ин ҷо роҳбарӣ кардан қулай мебошад. Алҳол Душанбе чун пойтахт имконияти кам дорад. Барои фаъолияти Ҳукумат дар шаҳри Ленинобод тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешавад.

Пешвои миллат ин пешниҳодро напазируфта, гуфтанд, ки Душанбе пойтахти тоҷикони ҷаҳон аст. Миллат, Ватан ва тамоми тоҷикони дунё ба Душанбе чашмнигар ҳастанд. Ягон шароиту вазъ моро аз пойтахт берун карда наметавонад.

Рӯзи 24 ноябри соли 1992 бо супориши Сарвари давлат гуруҳи ҳукуматӣ аз Ленинобод ба пойтахт омад. Мо ҳамроҳи раиси Кумитаи амнияти миллӣ Саидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи радио ва телевизион Бобоҷон Икромов шаҳрро дар иҳотаи дуду оташ ва харобазор дидем. Аз чор гӯшаи шаҳр садои тир оҳанги даҳшату мотам меофарид. Ягон мақомоти давлатӣ кор намекард. Корхонаҳои шаҳр ҳар лаҳза дучори ҳамлаи силоҳбадастон мешуданд.

Сарвари давлат дар чорумин ҳафтаи корӣ тамоми сохторҳои марбутаи шаҳрро аз ҳолати бепарвоӣ ва нобоварӣ ба фардо бедор намуданд. Пешвои миллат шаҳрро шиноснома ва ҳолномаи миллат ном бурданд. Дар он рӯзҳои мушкил ва эҳёи нави давлатдорӣ Пешвои миллат зикр намуданд: “ Пойтахт, воқеан, гаҳвораи камолот ва инкишофу пешрафти миллат буда, ягон давлати соҳибтамаддун ва кишвари олам бе марказҳои тавонои илмиву фарҳангӣ вуҷуд дошта наметавонад. Миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ки ҳазорҳо сол қабл аз ин дорои низоми хосаи давлату давлатдорӣ ва пойтахтҳои ободу фарҳангпарвар буд, бо оини деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, инчунин бунёди марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ шӯҳрати оламгир ёфтааст”.

Ин сухан ва дастурҳои Пешвои миллат дар рӯзҳои басо вазнин барои мо неруи бузурги маънавӣ ва рӯҳӣ мебахшиданд. Ҳар як дастури Пешвои миллат барномаи муайяни рушди ин ё он соҳаи шаҳрро дар бар мегирифт. Аз ин лиҳоз, ҳар роҳбар барои ободонӣ ва рушди инфрасохторҳои шаҳр барномаи мушаххас таҳия менамуд.

Таърихи даврони Истиқлолияти пойтахтро асосан ба чор марҳала ҷудо намудан мумкин аст. Давраи аввал, ки шартан давраи эҳё маҳсуб мешавад, аз соли 1992 то соли 2004 идома ёфт. Дар ин давра бо кӯшиши Сарвари давлат сараввал вазъи сиёсиву низомии шаҳр ба эътидол оварда шуд. Аз маркази шаҳр тамоми воҳидҳои низомӣ, техника ва ситодҳои силоҳбадастон берун бароварда шуд. Пешвои миллат бо вуҷуди касодии буҷа барои шаҳр маблағҳо ва дигар васоити техникиро дареғ намедоштанд.

Марҳалаи дуюм ин аз сатҳи пойтахти кишвар ба сатҳи пойтахт — маркази маъракаҳои байналмилалӣ расонидани Душанбе буд. Оғоз аз соли 2000-ум аллакай дар пойтахт биноҳои корпусҳои дипломатӣ, марказҳои ташкилотҳои байналмилалӣ кушода шуданд.

Яке аз дастовардҳои дипломатии шаҳр, ки Пешвои миллат дастгирӣ намуданд, ин ҳамкории байни пойтахтҳои ҷаҳон ва пайвастан ба равобити дуҷонибаи бародаршаҳрӣ мебошад. Албатта, то соли 1991 Душанбе бо як қатор шаҳрҳои дунё аҳду паймони бародаршаҳрӣ дошт. Гарчанде ин қарордодҳо баъзан манфиати гурӯҳҳо ва доираҳои алоҳидаро ифода мекарданд, мушаххасан дар яке аз ҷаласаҳои кории Ҳукумати Тоҷикистон Сарвари давлат дар мавриди робитаҳои хориҷии шаҳри Душане дастурҳои ҷиддӣ доданд. Алҳол шаҳри Душанбе бо чандин шаҳри бузурги дунё паймони бародаршҳрӣ дорад. Щамин тавр, Душанбешаҳр ба маркази тамаддуни АвруОсиё табдил ёфт. Бахусус, Форуми байналмилалии “Оби тоза”, ки соли 2003 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз рӯи раддабандии форумҳои оммавии сатҳи баланд аз ҷониби СММ баҳои аъло гирифт. Ин Форум Душанберо ба 200 кишвару созмонҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Марҳалаи сеюми навсозӣ ва таҷдиду рушди пойтахт аз соли 2007 ибтидо мегирад. Бо дастури Пешвои миллат, “сутунмуҳра”-и шаҳр — Нақшаи генералии шаҳр куллан таҷдид гардид. Ин дастоварди муҳими соҳаи меъмориву ободонӣ буда, дар соҳаҳои комплекси сохтмонӣ, роҳсозӣ, заминсозӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ тағйироти диданашаванда ба амал овард. Шаҳр 50 сол пеш аз рӯйи лоиҳаҳои маъмулии аврупоии манзилҳои миёнаошёна ва хурдҳуҷра тарҳрезӣ шуда буд. Душанбешаҳр мисли дигар шаҳрҳои солҳои 70-ум аз рӯи лоиҳаҳои яклухт, сарфи назар аз иқлим, анъанаҳои меъмории шарқӣ сохта шуд. Аксари биноҳои кӯҳна симои шаҳрро хира мекарданд.

Бори аввал баъди 70 сол дар Душанбе пули эстакадаи сеқабата бунёд гардид. Пешвои миллат дар сафарҳои хориҷӣ ба кишварҳои Шарқу Ғарб пайваста мутахассисон ва меъморонро бо худ мебурданд ва беҳтарин дастовардҳои меъморию шаҳрсозиро ба Душанбе меоварданд. “Бренд” шаҳри ҳамешасабзи офтобии даврони Шӯравиро тақвият мебахшид. Дар ҳар сафари хориҷӣ Пешвои миллат ба Душанбе дар тайёра бо худ ниҳол, гулбуттаҳо ва тухмии гулҳоро меоварданд. Танҳо ба шаҳри Душанбе дар зарфи 18 сол миллионҳо ниҳол, гулу дигар рустаниҳои ороишӣ оварда шуданд.

Соли 2004 бори дуюм яке аз тоҷикони бурунмарзӣ, олим ва ҷомеашинос Саидҷалоли Бадахшонӣ бо чанд нафар тоҷикони муқими Амрико ва Канада ба Душанбе омада буд. Дар мусоҳибааш самимона арз намуд, ки “Ман дар лаҳзаи аввал гумон кардам, иштибоҳан ба шаҳри дигар сафар кардаам. Ин шаҳри соли 1995 нест. Ин шаҳр тоблуи мунаққаши рассоми моҳири қарн аст, ки одамон аз тамошои он шигифтзада мешаванд. Боварам намеояд, ки дар муддати кутоҳ шаҳр дар поккорию дилрабоӣ бо шаҳрҳои бузурги дунё рақобат мекунад” (ТВ “Тоҷикистон”, соли 2004).

Дар кӯтоҳтарин фосилаи вақт Душанбе аллакай бо шоҳкориҳои меъморӣ ба феҳристи зеботарин офаридаҳои шаҳрсозӣ маъруф шуд. Сохтмон ва бунёди Қасри Миллат, Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе, Боғи фароғатии ба номи Устод Айнӣ, Боғи Устод Рӯдакӣ, Боғи “Ирам”, Кохи “Наврӯз”, меҳмонхонаҳои “Серена”, “Ҳайят Реҷенси”, “Хилтон”, Бурҷи парчами миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Осоронаи миллӣ ва даҳҳо иншооти пойтахт маҳбубтарин макони сайргоҳи сайёҳону меҳмонон аст.

Маърифатпарвари маъруф Усто Пӯлод мегуфт: “Зебогӣ ва ороиши даруни хона обрӯи соҳибхона, зебоӣ ва шукӯҳи беруни хона моли мардум аст”. Ба ин иқтибос ман зикр мекунам, ки барои шукуҳи симои умумии шаҳр низ роҳбарият корҳои шоёнро анҷом додаанд. Парфишонии яке аз баландтарин парчами дунё ва Бурҷи рамзи давлатӣ эҳсосоти меҳанпарастӣ ва ғурури миллии моро тақвият мебахшад.

Боре дар яке аз чорабиниҳои ҷашнӣ Пешвои миллат дар Боғи ботаникии шаҳр ба мақомоти масъул дастур доданд, ки дар кутоҳтарин муддат боғу гулгаштҳои шаҳрро обод кунанд. Ин ба марҳалаи чоруми ободонӣ ва гулкорию кабудизоргардонии шаҳр ибтидо гузошт.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ се боғ дар шаҳр мавҷуд буд. Ҳоло дар шаҳр 36 боғ, парк, 18 гулгашт ва 5 макони муқаддасоти миллӣ бо усули шарқию ғарбии шаҳрсозӣ бунёд гардидаанд.

Ман қариб ҳар ҳафта ба пазироии ҳайатҳои расмии ҷамъиятии хориҷӣ машғулам. Барои меҳмонон, сайёҳон чунин ҷаҳиши бузурги иҷтимоии шаҳр ҳайратовар буда, Душанберо ба шаҳрҳои маъруфи дунё ташбеҳ медиҳанд.

Дар зарфи 80 сол шаҳрро одамони баруманди таърихӣ идора карданд. Дар таърихи роҳбарияти шаҳр нахустин бор ҷавонтарин роҳбар — муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъин шуд. Ин гардиши куллӣ дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷавонон гардид. Бояд зикр кард, ки насли ҷавон аз тарбияти ҷиддӣ дар канор монда буд. Ҳамзамон муҳоҷирати васеи меҳнатӣ, тамоил ба сармояғункунии бемеҳнат, пайравӣ ба як қатор гурӯҳҳои тундрав саҳми ҷавононро дар ҷомеа, бахусус, идоракунии давлат коҳиш дода буд. Аз ин рӯ, зарурат ба миён омад, ки насли ҷавон вазифаҳои масъули сатҳи баландро ба дӯш гирад.

Моҳи майи соли 2017 рӯзномаи “ИмрӯзNews” пажуҳиши муфидеро анҷом дод. Тибқи тадқиқи рӯзнома, аз замони хилофати Мисри қарни 10 то соли 2017 Рустами Эмомалӣ ҷавонтарин мири пойтахт дар дунё шинохта шуд.

Роҳбарияти шаҳр бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се рукни муҳими калидии сокини пойтахт будан — ҳиссагузорӣ дар болоравии шӯҳрати пойтахт, маърифати шаҳрнишинӣ, ифтихор аз сокини пойтахт доштан, ҳисси баланди мизбонӣ барои хориҷиёнро дар муддати кутоҳ созмон дод. Шаҳр дар зарфи се соли охир роҳи бистсолаи рушдро тай намуд. Танҳо дар се сол дар Душанбе садҳо корхонаи нав ба фарогирии даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ бунёд шуданд. Ман ба андешаҳои журналист Фарид Маздак аз рӯзномаи “ИмрӯзNews” ҳамфикр ҳастам, ки навишта буд: “Рустами афсонавии мо аз қарни Фирдавсӣ баргашт. Пас, биёед, ҷавонони азиз, бо Рустами замон кори Рустамона кунем:

Рустами шаҳр кори Рустамона кунад.

Насли навро ба даҳр ҷовидона кунад”.

Такя ба насли созандаи замон дар ташаккули давлатдорӣ, рушди давлати дунявию демократӣ, танзими қонунгузорӣ, инкишофи ҳамаи шохаҳои ҳокимият, идомаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузург хоҳад гузошт.

Раиси ҷавон ба таври мӯъҷизавӣ дар муддати кутоҳ шаҳри Душанберо ба зеботарин шаҳри Осиё, ба маркази тамаддуни омехтаи ғарбию шарқӣ табдил дод. Ободонӣ ва тозагии шаҳр маҳз дар рӯзҳои вазнини буҳрони ҷаҳонии пандемия кафолати бехатарӣ гардид. Ин танҳо андешаи сокинони пойтахт нест. Ин арзёбии ҳамаи шарикони хориҷии мо, ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Бешубҳа, ин ормону орзуҳои аҷдодонамон буд.

Басо ҷолиб аст, ки шоири маъруф Тилло Пулодӣ соли 1963 гӯё Душанбеи имрӯзаро васф карда бошад:

Шаҳри мо обод гашту қалби мо масрур шуд,

Торикии шаб зи пеши чашми мардум дур шуд.

Шуд бино дар сарзамини тоҷикон шаҳри азиз,

Номи ӯ чун Шамси Ховар дар ҷаҳон машҳур шуд.

Ҳар бинояш чун Хаварнақ сар кашида сӯи моҳ,

Дидаи бадбин зи ҳасрат хонаи занбӯр шуд.

Кулфату ғам рафту омад шодии беинтиҳо,

Зиндагӣ ширин ба мисли шираи ангур шуд.

Нест акнун фарқ байни рӯзу шаб дар шаҳри мо,

Шоми ӯ гардид субҳу чашми душман кӯр шуд.

Шаҳриёри кордону номдору корсоз,

Ақлро фармуд кору тори ҳиммат ҷӯр шуд.

Хурсандовар он аст, ки дар пайи ин талошу заҳматҳои шаҳриёри ҷавону кордон чанде пеш ташкилоти бонуфузи ҷаҳонгардӣ шаҳри Душанберо яке аз шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон эътироф намуд. Воқеан, фазои ҳамдилӣ, одоби шаҳрвандӣ ва саъю талоши мақомоти қудратӣ оромию низоми ҷамъиятиро тақвият медиҳад.

Дар ду-се соли охир суръати тараққиёт ва ободонии шаҳр ба даҳсолаҳои пешин баробар гардид. Душанбешҳр то қаторкӯҳҳои Ҳисору Варзоб доман паҳн намуда, аз нигоҳи масоҳат низ бузургшаҳри минтақа хоҳад шуд.

Дар фарҷом ба ҳайси шаҳрванд ва сокини пойтахт барои рушди боз ҳам бештари маънавиёти шаҳр ба ҳамагон арз менамоям, ки дар ободонӣ, рушд ва маърифати волои шаҳрвандӣ ҳиссагузор бошем.

Қозидавлат ҚОИМДОДОВ

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

сокини шаҳри Душанбе

Маълумотнома

Қозидавлат Қоимдодов ходими намоёни давлатӣ, собиқ Раиси кумитаи аграрӣ ва озуқавории Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои пеш ба ҳайси муовини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамзамон танзимгари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба АКДН), дипломати рутбаи Сафири Фавқуллода ва Мухтор, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, Белорусия, намояндаи ваколатдор дар ИДМ кор кардааст.

Танзимгари 22 лоиҳаи гуманитарии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Номзади илми кишоварзӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон мебошад.