Хоксорӣ камоли бузургист

Shared to Facebook

Шахсиятҳоро ҳеҷ вақт таърих аз тариқи барномарезии халлоқии махсусе ва ё аз мояи тору пуди худаш наофаридааст. Худи таърихро бошад, аслан шахсиятҳои бузург меофаранд. Мегӯянд, “Бузургони хоксори одамизодаи заминӣ сутунҳои нигаҳдорандаи коинот ҳастанд”.

Ҳар қадаре ки ҷавҳари ниҳонии асолати бузургон ғунҷоиши азамату шаҳомати бештареро дар худ дошта бошад, ин доманаи беканор ҳамон қадар он шахси бузургтиннатро хоксору ҳалиму меҳрубон мекардааст. Бо ҳамин далел, равшантарин шохиси шинохти бузургии инсоният — фурӯтанӣ, сабру қаноат ва меҳрубонии беандозаи ҳамон шахси мавриди назар мебошад.

Ҳамаи абаршахсиятҳои таърих, новобаста ба вақту замон ва ҷуғрофияи ҳаёташон, ҳамин арзишҳои вижаи муштаракро доро ҳастанд!

Муддатҳои тӯлонӣ вақт лозим аст, ки бузургон аз ҷониби афроди оддии маъмулӣ, шиносоӣ ва пазируфта гарданд. Аз тарафи дигар, маъмулан, худи бузургон, бо вуҷуди фурӯтанӣ, барои таблиғу ташвиқи аъмолу сифоти худашон, умран ризоият намедиҳанд, зеро “Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд”.

Боре бо вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар мавриди рушду нумуи соҳа ва дастовардҳои он сӯҳбат доштем. Эшон бо камоли қадрдонӣ аз заҳматҳои бунёдкоронаи вазири собиқи энергетика муҳтарам Шералӣ Гул ёдовар шуданд ва гуфтанд;

“Шералӣ Гул ҳангоми фаъолияти касбиашон дар вазифаи Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои 2006-2013, дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ин вазоратхона, ки аз ғаниматҳои замони шӯравӣ камтарин ирс насибаш гардида буд, хиштҳои аввал ва пойдевори бунёдии солиму дурусте гузошта тавонистанд, ки имрӯз мо шоҳиди самараҳои аввалини он гардида истодаем. Ба унвони мисоли хеле соддаву равшан, далелеро метавон ёдрас шуд, ки ба ҳамин наздикӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззаму мукаррами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сафарашон ба кишвари Қатар ба маблағи миллионҳо доллар қарордоди ҳамкорӣ имзо намуданд, ки он шомили 12 барномаҳои лоиҳавӣ мебошад. Яке аз он барномаҳо оғози сохтмони НОБ-и “Шӯроб” дар фосилаи байни “Норак” ва “Роғун” аст, ки бояд бо сармоягузории тарафи Қатар амалӣ гардад. Ин нуктаро мехоҳам тазаккур бидиҳам, ки барои лоиҳакашии ин НОБ дар мавзеи мавриди назар қудратҳову кишварҳову рақибони маълум шадидан зиддият нишон медоданд, то мо муваффақ набошем. Аммо муҳтарам вазир, ки моҳияти муҳиму аҳмияти азими иқтисодиву расолати сарнавиштсоз доштани сохтмони НОБ-ро дар ин мавзеъ дарк карда буданд, бо пофишориву истодагарӣ, барои муттахасисони марбутаву институти лоиҳакашии “Нурофар” дастури тадқиқоти дақиқу ниҳойии илмӣ ва оғози фаъолияти лоиҳакаширо амалан содир намуданд.

Ҳамин гуна мисолҳоро дар бисёр самтҳои саноату энергетика метавон зикр намуд, ки муҳтарам вазир, қабл аз он, ки мутахассисони беғараз ва ё ғараздори худиву бегона моҳияти стратегии онро дарк карда бошанд, онҳоро вориди барномаҳои амал сохта буданд, ки бешубҳа барои ояндасозии саноату иқтисоду энергетикаи ватанӣ боздеҳ ва самари арзандаеро ба армуғон хоҳанд овард…”

Бо тадбире, ки “Бузургонро бузургон зинда медоранд!”, ин қадршиносии содиқонаи муҳтарам вазир аз вазири пешина маро водор ба он сохт, ки ба гузаштаи на чандон дури таърихи саноату энергетикаи кишвар як нигоҳи кӯчаки таҳлилие дошта бошам ва ниҳоят ба он нукта пай барам, ки воқеан тамоми барномаҳои то ба имрӯз дар кишвар пиёдашуда маҳсули ақлҳое ҳастанд, ки нисбат ба андешаи дигарон дурандешиву ояндабиниву заковату хирадмандии бартареро доро мебошанд.

Мусаллам аст, ки дар саргаҳи тамоми ибтикороту иқдомот дар кишвари азизамон ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи меҳвариро дорад. Вале дар атрофи ин меҳвар боз афроде ҳам нақш доранд, ки тавонистаанд дастҷамъона неруи зарурии воҳиду бунёдкору ояндасози Ватани маҳбуби моро бунёд ва таъмин намоянд.

Барои собит намудани ин гуфтаҳо фақат кофист, ки як зумра аз теъдоди зиёди кору пайкору барномаҳои созандаеро ёдовар гардем, ки барои пешрафти саноату иқтисоди кишвари мо нахустин такони ҷиддиеро дода тавонистанд. Худи ҳамин корномаи абармардони хоксору баландҳиммати кишвари мост, ки ба монанди собиқ вазири саноату энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гул Шералӣ ва боз даҳҳо нафар ашхоси муҳтарами дигаре, ки одати таблиғу тарвиҷ кардани аъмоли созандаву бунёдгузори худро надоштанд ва надоранд. Вале бояд миллати гавҳаршиноси мо ба қадри қаҳрамониву ҷонфидойии ин фарзандони содиқу вафодору хоксори худ бирасад.

Сарвари арзандаи мо ҳамроҳи командаи худ баъди фурӯпошии системаи шӯравӣ як кишвари ақибмондаву ҷангзадаву ба бумбаст афтидаеро ба мерос гирифтанд, ки дар гузашта ба унвони кишвари ғайрисаноатии аграрӣ, истеҳсолкунандаи пахтаву анвои маъводи аввалия барои таъмини механизми азими саноатии дигар кишварҳои бародар дар аҳди шӯравӣ шинохта шуда буд. Баробари фурӯпошии СССР кишвари хурдакакаи мо ҳам гирифтори мушкилиҳои азиме гашта буд, ки масъалаи ҳаёту мамотро матраҳ месохтанд. Ҷанги бемаънии таҳмилии шаҳрвандӣ низ зарбаи иловагии камаршикане буд бар болои ин ҳама балоҳои азими пешомада… Ба тадбире, “Кишвар на лашкар дошт, на маҳбубу на ёвар…”

Аз рӯзҳои нахустини расидан ба истиқлоли миллӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат абармардони кишвар сари масъалаҳое тамаркуз карда буданд, ки битавонанд кишвари азизамонро аз бумбастҳои коммуникатсионӣ, бӯҳронҳои моливу иқтисодиву энергетикӣ ва ғайраву ғайра раҳоӣ бахшанд. Саноатикунанидани кишвар ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ аз муҳимтарин масъалаҳои мубрами рӯз буданд. Ҳамаи самтҳои зиндагонии рӯзмарраи Тоҷикистони тозаистиқлол фидокориву ҷоннисориҳои беандозаеро талаб мекард. Мушкилоти соҳаи саноат ва энергетика дар мадди аввал.

Бубинем, ки дар дар як давраи кӯтоҳи гузариш, чи барномаҳоеро муттахасисони варзидаи мо дастури фаъолияти рӯзмарраи хеш қарор дода буданд, ки боиси расидан ба сатҳи имрӯзаи тараққиёту пешравиҳои кишвари азизамон дар самти амнияти озуқаворӣ, истиқлоли энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҳамватанон гардидааст;

* Барномаи коркарди ниҳойии пахтаи истеҳсоли ватанӣ ва табдил сохтани кишвари қаблан тавлидгару содиркунандаи маводи хоми арзон ба истеҳсолкунандаи колову ашёи фоидаовари рақобатпазир;

* Барномаи коркарди пурраи гӯшту ширу пӯсту пашм ва соири ашёи хоми соҳаи чорводорӣ;

* Барномаи истеҳсоли худии либосу пойафзолу навҳои дигари маҳсулоту колоҳои бачагона;

* Барномаи коркард ва истеҳсоли анвои маҳсулоти тайёр аз маводи хоми алюмини ватанӣ;

* Барномаи ривоҷ додани соҳаи коркарди сангҳои қимматбаҳо, санъати заргарӣ ва ҷавоҳироти ороишӣ;

* Барномаи бунёду рушди саноеи истеҳсоли воридотивазкунандаи маҳсулоти сохтмонии ватанӣ;

* Барномаи тадбиқи дастовардҳои илмиву техникӣ дар истеҳсоли саноатии кишвар;

* Сохтмони теъдоди зиёди неругоҳҳои хурди обӣ;

* Оғози муҷаддади корҳои сохтмонӣ дар сохтмони аср — Неругоҳи барқи обии “Роғун”

* Барномаи таъмиру таҷдиду муқтадирсозии неругоҳҳои мавҷудаи фаъоли кишвар — Варзоб, Бойғозӣ, Норак ва ғайра…

Ин фақат намунае аз фаъолият дар соҳаи энергетика ва саноат буд, ки ба унвони “муште аз хирвор” аз он ёдоварӣ кардем ва бояд гуфт, ки дар мушкилтарин давраи тараққиёти саноату энергетикаи кишвар, масъулияти сангини вазорати онвақтаи энергетика ва саноат бар зиммаи фарзанди фарзонаи миллат — Шералӣ Гул гузошта шуда буд, ки бино бар ақидаи муттахассисони соҳа, номбурда аз ӯҳдаи ин масъулият бо сарафрозӣ баромада тавонист.

Мо мехоҳем дар ин миён аз ҷониби худ масалеро матраҳ созем;

Аз шамъ пурсиданд: Ба нурафшонии як лаҳза чиҳо сӯхтаӣ,

Шамъ гуфт: Мо, ки вобастаи як зулмати доманзадаем,

Офтоб аст, ки субҳовару равшангари мост,

Он, ки бар манзили мо нуру зиё мефиканад,

Офтоби сари мо, шӯълавари ахтари мост!

Имрӯз, 20 феврал, собиқадори соҳаи саноату энергетикаи кишвар, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои орденҳои “Исмоили Сомонӣ” ва “Шараф”, собиқ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гул Шералӣ зодрӯз дорад. Аз номи ҳайъати эҷодӣ ва кормандони “ИмрӯзNews” соҳибҷашнро ба муносибати 74-солагии зодрӯзашон табрику муборакбод намуда, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем!

Ораши КАМОНВАР

рӯзноманигор