Дар ҷаҳони муосир масъалаи хушунат, иртиҷоъ ва ифрот яке мушкилоти асосӣ маҳсуб гардида, ба амнияти кишварҳои миллӣ таҳдид менамояд. Ин масъала дар қаринаи хуруҷи бемории сироятиии COVID-19 ва ба сари қудрат омадани ҳаракати радикалии “Толибон” дар Афғонистон мубрамияти хосса касб намуда, ҷомеаи ҷаҳон, бахусус кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар рӯёрӯи хатарҳои муосир қарор гирифтанд.
Таври маълум, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи иртиҷоии “Толибон” мавқеи қатъиро ишғол намуда, эълом доштанд, ки “Ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон”, ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст.
Аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад.
Бо дарназардошти ин ҳолат, роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад.
Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад.
Дар ин робита, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои ҳарчи зудтар ва бо истифода аз роҳҳои мусолиматомез ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва муассир андешад”.
Баъзе кишварҳои бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарназардошти манофеи мухталифи геополитикӣ дар марҳилаи аввал мавқеи кишвари моро дастгирӣ накарда, ҳатто бо ҳаракати иртиҷоии “Толибон” робитаро ба роҳ монданд. Дар ин радиф ҷониби Ҳиндустон низ мавқеи қатъиро нисбат ба “Толибон” пеша намуда, амалҳои онҳоро маҳкум менамуд.
Хушбахтона, ҷомеаи ҷаҳонӣ тадриҷан нисбат ба ҳаракати радикалии “Толибон” мавқеи қаиъиро пеша карда, ба масъалаи иҷрои уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи онҳо ва ташкили ҳукумати фарогир таваҷҷуҳ менамоянд. Мавқеи кишварҳои аврупоӣ, изҳороти матбуотӣ аз натиҷаи сафари Президенти Русия Владимир Путин ба Ҳиндустон аз он шаҳодат медиҳанд.
Дар ин радиф бо ташаббуси Донишкадаи идоракунии Rohtak-и Ҳиндустон рӯзҳои 11-12 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Деҳлӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Иртиҷоъгароӣ: таҳдидҳо ба бунёди суботи ҷаҳонӣ” баргузор гардид, ки аз ҷумла, ба масъалаи иртиҷоъгароӣ, вазъи амниятӣ дар қитъаи Осиё дар қаринаи вазъи Афғонистон бахшида шуда буд.
Донишкадаи идоракунии Роҳтак аз ҷониби Ҳукумати кишвар таъсис дода шуда, ҳамчун яке аз марказҳои илмии соҳибэҳтиром дар раддабандии ҷаҳонӣ эътироф гаштааст. Донишкада саъй дорад, ки ба яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар самти менеҷмент табдил гардад.
Бо мусоидати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дастгирии бевоситаи Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон корманди мо ва дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Амриддин Шарипов дар ин чорабинии сатҳи баланд ҳамчун сухангӯ ширкат карданд. Дар рафти конфронс инчунин Сафирони Шоҳигарии Дания, Афғонистон, Непал, Шри Ланка ва Сурия дар Ҳиндустон, намояндагони сафорати ИМА дар Ҳиндустон, сухангуёни калидӣ аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Русия, профессорон аз Бангладеш, Канада, Ҳиндустон ва кормандони олимақоми сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқи инсон, улуми исломӣ ва сатҳи намояндагӣ иштирок намуда, дар суҳанронии худ таҳдиду чолишҳои ҳукумати “Толибон”, паҳншавии ғояҳои иртиҷоъгароиву ифротгароӣ, офати башардӯстона ва фурӯпошии иқтисоди Афғонистонро қайд карданд.
Мутаассифона, дар рафти конфронс намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон ширкат надошта, аз ин платформаҳои илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ барои тарғиби мавқеи Тоҷикистон, ҷалби доираҳои илмии кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон ва пешниҳоди имкониятҳои бузурги захиравии кишвари мо барои сармоягузорон ба таври пуррагӣ истифода намегардад.
Бояд таъкид намуд, ки конфронси мазкур дар чор бахш — моҳияти иртиҷоъгароӣ, таъсири иртиҷоъгароӣ, афзоиши иртиҷоъгароии исломӣ ва таъсири “Толибон” дар афзоиши он ва чораҳои пешгирии иртиҷоъгароӣ баргузор гардида, намояндагони тоҷикистонӣ дар мавзӯи вазъи иртиҷоъгароӣ дар Осиёи Марказӣ ва дурнамои эҳтимолии таъмини амнияти дастаҷамъона дар қаринаи ба сари қудрат омадани Толибон баромад намуданд.
Дар ин радиф, аз ҷумла, қайд гардид, ки омилҳои зуҳур ва ташаккули иртиҷоъгароӣ бо мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, набудани дастрасӣ ба таҳсилоти фарогир (ба хусус дар Афғонистон) алоқаманд буда, ташкили шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди инфрасохтор метавонанд дар роҳи пешгирии афзоиши иртиҷоъгароӣ ва ифрот замина гарданд.
Дар ҳоли ҳозир пешгӯии рушди вазъ дар Афғонистон бинобар омилҳои мухталифи таъсиргузор ба он мушкил аст. Сарфи назар аз он ки омили афғонӣ, бахусус пас аз ғасби қудрат аз сӯйи расидани “Толибон” метавонад иртиҷоъгароӣ ва ифротро пурзӯр кунад, набояд онро аз ҳад зиёд таъсиргузор баҳогузорӣ кард. Аз як тараф, “Толибон” барои сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле қафомонда ҳастанд, аз ин рӯ, қабули оммавии идеология ва тарзи зиндагии онҳоро тасаввур кардан душвор аст. Инчунин, рафтори онҳо исломи ҳақиқиро ифода намекунад, зеро амалҳои бераҳмона ва тарғиби тарзи ҳаёти асримиёнагӣ наметавонад барои сокинони пешрафтаи минтақа ҷолибият дошта бошанд.
Ҳамчунин, аксари кулли “Толибон” ҳамчун пешвоёни ҳақиқии динӣ нестанд. Надонистани аҳкомҳои асосии ислом, принсипҳои қабилачигӣ ба онҳо имкон намедиҳад, ки мардуми Афғонистонро дар атрофи ғояҳои динию миллӣ муттаҳид созанд. Илова бар ин, “Толибон” занонро ҳамчун ғулом ва табақаи паст мебинанд, ки ба қонунҳои ислом дар бораи нақши зан мухолиф буда, онҳоро аз дастгирии аҳолӣ маҳрум мекунанд.
Албатта, буҳрон дар Афғонистон барои минтақа хатарҳои нав эҷод мекунад, аммо дар маҷмӯъ, Осиёи Марказӣ чанд сол боз дар ҳамсоягӣ бо бесарусомонӣ ба сар мебарад ва 25 сол пеш аллакай бо “Толибон” сару кор дошт.
Аз ин рӯ, чораҳои пешгирикунанда бояд барои аз байн бурдани заминаҳои иртиҷоъгароӣ нигаронида шаванд, на ба эъмори монеаҳо миёни Афғонистон ва Осиёи Марказӣ.
Дар баробари ин, барои ҳалли қазияи Афғонистон ба инобат гирифтани мавқеи кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақаӣ зарур мебошад. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти матбуотӣ дар пойтахти Ҳиндустон дар шарҳи натоиҷи нишасти сарварони ду кишвар гуфт:
“Мо бо ҳамкасбони ҳиндустонии худ мавқеи муштарак дорем – “Толибон” бояд ваъдаҳои додашударо барои таъмини хусусияти фарогир, таносуби этносиёсии сохтори нави қудрат, ҳуқуқи инсон, пешгирӣ аз идомаи таҳдиди террористӣ ва маводи мухаддир дар қаламрави Афғонистон иҷро кунанд”.
Тоҷикистон барои истиқрори сулҳ дар сарзамини Афғонистон, ташаккули пояҳои рушди устувор дар Афғонистон тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад. Маҳз бо ҳамин ҳадафҳо Тоҷикистон ба намояндагии васеи тамоми халқиятҳои Афғонистон дар ҳукумат исрор дорад. Бояд таъкид кард, ки Ҳиндустон ба ҳалли ин мушкилот ёрӣ расонда метавонад. Ин кишвар бо дарназардошти вазни геополитикӣ ва иқтидори иқтисодии худ метавонад ва бояд ба соҳибкории хурду миёна барои рафъи мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии пайдоиши иртиҷоъгароӣ сармоягузорӣ кунад.
Илова бар ин, муттаҳид кардани мавқеи давлатҳо барои фишор ба “Толибон” бо мақсади ташкили ҳукумати фарогир, эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии ақаллиятҳои миллӣ як қадами муассир дар расидан ба субот дар ин кишвар хоҳад буд. Зеро Афғонистони осоишта бо рушди устувор ва субот як навъ пули транзитӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд.
Тамоми баромадкунандагон ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо дарназардошти манфиатҳои тамоми миллату халқиятҳои муқими ин кишвар, иҷрои уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи онҳоро дар раванди Давҳа таъкид карданд. Муҳимтар аз ҳама, аҳамияти мавқеи Тоҷикистон дар ин самт, зарурати ваҳдати талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми он, таъсиррасонӣ ба ҳукумати кунунии Афғонистон ҷиҳати ташкили ҳукумати ҳамашумул, баргузории интихобот ва аз тариқи райъпурсӣ муайян намудани роҳи рушди Афғонистон нуқтаҳои асосие буданд, ки дар рафти конфронс ироа гаштанд.
Барои дарёфти роҳҳои самараноки иртиҷоъгароӣ, муқовимати дастаҷамъона бо зуҳуроти нави номатлуб пешниҳоди баргузории конфронси байналмилалӣ дар Тоҷикистон дастгирӣ гардид, ки аз эътирофи мақоми боризи кишвари мо дар мубориза бо хатарҳои муосир шаҳодат медиҳад.