Ҳиндустон — Осиёи Марказӣ: аз ҳамкориҳои минтақаӣ то ҳалли қазияи Афғонистон

Shared to Facebook

Тоҷикистон ба таҳкими бештари фаъолияти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аҳаммияти хос зоҳир менамояд. Ин нуктаро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 3-юми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кард.

Ин ҳамоиш 19 декабр дар Деҳлӣ баргузор гардида, бино ба хабари ВКХ Ҳиндустон, вазирони корҳои хориҷӣ роҳҳои таҳкими абзори мазкур, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва пайвандии байниминтақаӣ миёни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

“Иштирокчиён аҳамияти вокуниши муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосирро қайд карданд. Роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии минтақа, пешгирии таҳдидҳои фаромиллӣ, инчунин таҳкими мубодилаи фарҳангиро таҳлил намуданд. Ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, самтҳои афзалиятноки Муколама зикр шуданд”, — хабар дод манбаъ.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо таваҷҷуҳ ба зарурати ҳамкории муштарак дар татбиқи иқтидори бузурги рушди иқтисодию сармоягузорӣ қайд намудааст, ки Тоҷикистон ба таҳкими бештари фаъолияти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аҳаммияти хос зоҳир менамояд:

“Дар ин замина мусоидат ба раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, нақлиётӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷиҳати тавсеаи иқтидор ва имкониятҳои содиротӣ таъкид гардид”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.

Ҳамчунин, намояндагони кишварҳои узви Муколама перомуни равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ дар кишвар табодули андеша намудаанд.

Вазирон ҷонибдории худро аз рушди осоишта, бехатар ва устувори Афғонистон тасдиқ намуда, ҳамзамон эҳтироми соҳибихтиёрӣ, ваҳдату тамомияти арзӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии онро таъкид кардаанд.

Дар интиҳо Изҳороти муштарак дар бораи натиҷаҳои нишасти сеюми Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардидааст:

“Вазирон қайд карданд, ки “тавофуқи минтақаӣ”-и густурда оид ба масъалаҳои марбут ба Афғонистон вуҷуд дорад, ки он ташкили ҳукумати воқеии намояндагӣ ва фарогир, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, нақши марказии СММ, расонидани кӯмаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва ҳифзи ҳуқуқи занон, кӯдакон ва ақаллиятҳои миллиро дар бар мегирад”, — гуфта мешавад дар Изҳороти муштарак, гузориш медиҳад The ​​Hindu.

Вазирон ширкати раҳбарони кишварҳои худро дар таҷлили Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар моҳи январ ва муколамаи сатҳи баланд бо сарвазир Нарендра Модиро тасдиқ карданд, хабар дод нашрия.

Зимни мулоқот, ҳамчунин, роҳҳои афзоиши гардиши мол миёни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ, ки ҳоло ҳаҷми он хеле ночиз буда ва камтар аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад ва он ҳам асосан аз ҳисоби содироти нафти Қазоқистон ба Ҳиндустон аст, баррасӣ шудааст. Дар робита ба ин, имкони истифода аз бандари Чобаҳор, ки тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан аз Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваст аст ва ҳамчунин Долони байналмилалии транзитии Шимол-Ҷануб, ки аз Бандар Аббоси Эрон мегузарад, муҳокима шудааст.

“Ҳиндустон аз таваҷҷӯҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истифода аз хадамоти терминали Шаҳид Биҳишть дар бандари Чобаҳор барои мусоидат ба тиҷорати онҳо бо Ҳиндустон ва берун аз он истиқбол кард”, — омадааст дар Изҳороти муштарак.

Тибқи Изҳорот, дар ҷараёни муколама ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки имкони таъсиси гурӯҳҳои кории муштарак барои ҳалли масъалаҳои муомилоти озоди коло ва хадамот байни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шавад.