Террори Нурулло Ҳувайдуллоев сӯиқасд ба адолату қонун буд

Shared to Facebook

Дар солҳои навадуми асри гузашта душманони мардуми тоҷик бо мақсади нобуд кардани давлату миллат бо роҳандозӣ кардани амалҳои ифротгароёна ва иғвогарона ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд, ки он боиси кушта шудани бештар аз 150 ҳазор нафар аз сокинони ҷумҳурӣ гардид. Боиси таассуф аст, ки дар рафти он ҷанги хонумонсӯз ҳазорони фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, беҳтарин сиёсатмадорону адибон журналистону кормандони соҳаи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ кушта шуданд.

Қишри зиёӣ ва бедори миллат ҳадафи ҷисман аз байн бурдан қарор гирифта, иддае аз онҳо ба тарзи ваҳшиёна нобуд карда шуданд, ки холигоҳи бузургеро дар доираҳои рушангари кишвар ба вуҷуд овард. Бомдоди даргириҳои солҳои навадум бо роҳи фалаҷ гардонидани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ шуруъ гардид. Террористони наҳзатӣ волоияти қонун ва риояти онро сарфи назар намуда, ҳараҷу мараҷ ва беҳокимиятиро ба вуҷуд оварда, ҳар нафареро ки аз тартиботи ҷамъиятӣ, риояти қонунҳо ҳарф мезад, ба ҳайси душмани асосии худ қарор дода, барчаспҳои гуногунро аз қабили “кофару муртад”, “нонаш ҳаром”, “занаш талоқ” ва амсоли ин “фатвоҳо”-ро ба онҳо нисбат медоданд. Нафароне, ки ба ҳамаи тавтеапардозии онҳо нигоҳ накарда, аз волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ҳарф мезаданд, онҳоро ба таври фоҷиавӣ ҷисман аз байн мебурданд.

Яке аз ҳамин гуна нафарон Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки дар солҳои 1991-1992 дар симати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Нурулло Ҳувайдуллоев намояндаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст Прокурори генералӣ ва шахси ба касбияти худ содиқ ва донишманд буд.

Номбурда пас аз хатми факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз солҳои 60-ум дар системаи прокуратура корро оғоз намуда, то ба дараҷаи Прокурори генералӣ зина ба зина фаъолияти хешро идома додааст. Зикри он бамаврид аст, ки Нурулло Ҳувайдуллоев, ки худ дар баробари намояндаи мардумӣ дар Шӯрои олӣ, Прокурори генералии Тоҷикистони соҳибистиқлол буданаш, дар як вақт вазифаи муовини раиси Иттиҳоди ҳуқуқшиносони ИҶШС ва раисии Иттиҳоди ҳуқуқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Ӯ ҳамчун номзади илми ҳуқуқшиносӣ, олими ҳуқуқдон ва устоди шинохта аз байни фарзандони меҳнаткаши одӣ теъдоди зиёди шогирдон, ҳуқуқшиносҳои маъруфро тарбия намудааст, ки имрӯз дар прокуратура, суд ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ садоқатмандона хидмат мекунанд ва посдори номи неки ӯ ҳастанд.

Нурулло Ҳувайдуллоев аз зумраи ҳуқуқшиносоне буд, ки риояти бе чунучарои Конститутсия ва қонунҳои амакунандаро бо қатъияти том талаб менамуд. Ӯ мутмаин буд, ки риоя нашудани қонун ва бе ҷазо мондани ҷинояту ҷинояткор сабаби бадбахтӣ ва нооромии ҷомеа гардида, кишварро ба буҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ мегардонад.

Ба симати Прокурори генералии Тоҷикистон расидани Нурулло Ҳувайдуллоев ба солҳои аввали навадум рост меояд, ки замони бисёр хашин ва нооромиҳои сиёсӣ дар кишвар буд. Аз як сӯ ба даст даровардани Истиқлоли сиёсии кишвар ва аз тарафи дигар, ба дасти хоинони миллаткуши наҳзатӣ бо роҳи зурӣ, ғайриқонунӣ, тарсафканӣ, ҷиноятпешагӣ мардумони ноогоҳро аз минтақаҳо ба пойтахт оварда ба роҳ мондани кудатои сиёсӣ ва аз роҳи ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ аз воқеоте буданд, ки дар он замон дар кишвар рух доданд. Яъне ба таври дигар, Нурулло Ҳувайдуллоев замоне ҳамчун чеҳраи сиёсӣ ва давлатӣ эътироф гардид, ки дар кишвар омилҳои бадхоҳ ва вайронгар фазои кишварро мағшуш намуда, бо дастгирии қуваҳои беруна соҳиби пулу аслиҳа гардида, ҷиҳати бо роҳи зурӣ ва ғайриқонунӣ аз худ кардани ҳокимият ба мубориза шуруъ намудааст.

Мо дар хотир дорем, ки Нурулло Ҳувайдуллоев воқеан ҳуқуқшиноси ҳирфавӣ ва шахси бо қатъияту устуворӣ ва далериву ҷасорат буд. Барояш волояти қонун ва риояти он аз ҳама чиз болотар маҳсуб меёфт. Нурулло Ҳувайдуллоев шахсе буд, ки бо ҷасорати том аз ҳукумати қонунии ҷумҳурӣ ва Конститутсияи кишвар пуштибонӣ намуда, алайҳи ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ мубориза мебурд. Ӯ мутмаин буд, ки танҳо аз роҳи риояти бечунучарои қонунҳо ва муқаддас шумурдани қонун мо метавонем ҷумҳуриямонро бо роҳи осоишта пеш барем.

Ҳамин буд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев ҳеҷ гоҳ бо олами ҷиноӣ ва махсусан бо ҷинояткорони террористи наҳзатӣ созиш накард ва барои ҳар нафаре, ки қонунро вайрон намуда, аз чорчӯбаҳои он беруна рафта буд, парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онҳоро ҳамчун ҷинояткор дар назди қонун муаррифӣ карда буд. Ӯ ҳамеша ба таъкид мегуфт, бояд ҳама баҳсу талошҳо аз роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарро таҳаммул намудан дар доираи қонунҳои амалкунанда ва ҷавонмардона сурат бигиранд. Аммо пас аз ба тарзи зурӣ аз худ кардани ҳокимият дар пойтахти кишвар алайҳи унсурҳои ҷиноӣ мубориза мебурд ва амалкардҳои онҳоро қонунӣ намеҳисобид ва ошкорро аз ҷинояткории онҳо ҳарф мезад. Террористони наҳзатӣ аз роҳҳои зиёде истифода намуданд, то ин нафарро ба тарафи худ тамоюл дода истифода намоянд, аммо чун Нурулло Ҳувайдуллоев ахлоқи баланди инсонию касбӣ дошт, дилаш барои миллату кишвари худ месӯхт, ӯ ҳеҷ гоҳ ба унсурҳои ҷиноӣ ҳамкорӣ накард ва ҳайсияту виҷдону обрӯи хешро қурбони манфиатҳои пулию молӣ накард.

Ҳамин буд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев ба як душмани сарсахти ҷиноятпешаҳои наҳзатӣ табдил ёфт ва ин қотилони миллаткуш тасмими ҷисман аз байн бурдани ӯро гирифтанд ва муддати мадиде онро мавриди назорат қарор дода, ахиран 24-августи соли 1992 ҳангоми ба кори давлатӣ равона шудан бо ҳамроҳи ронандааш бераҳмона ба қатл расониданд. Террористони наҳзатӣ сараввал мошини хизматии ӯро боздошта, ӯ ва ронандаашро аз мошин берун карданд ва амр намуданд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев бояд ба зону нишинад ва аз онҳо узр пурсад. Албатта, Нурулло Ҳувайдуллоев ҷавоби рад дод ва гуфт ҳеҷ гоҳ аз ҷинояткору дузду авбошу одамкуш узр нахоҳад пурсид. Бо шунидани ҷавоби рад террористони наҳзатӣ ба зонуҳояш чанд тир заданд ва пас аз афтоданаш ӯ ва ронандашро тирборон карданд.

Бо қатл кардани Нурулло Ҳувайдуллоев хоинони ҷиноятпешаи наҳзатӣ қонуниятро дар ҷумҳурӣ аз байн бурданд. Ҳамин тавр, ҳамагӣ пас аз ду ҳафтаи қатли Нурулло Ҳувайдуллоев дар ҳафтуми сенябри соли 1992 бо зури аслиҳа Президенти қонунан интихоб шударо маҷбуран ба истеъфо бурданд. Кушта шудани Н.Ҳувайдуллоев қатли авбошонаи шахсият набуда, балки ин суиқасд ва куштори ҳуқуқ, қонун ва адлу инсоф буд, ки ба дасти ҷиноятпешагони наҳзатӣ махсус ва бо тарроҳии пешакӣ сурат гирифт.

Қотилон қалби ҳуқуқдони машҳури собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, қалби инсонеро, ки то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муборизаву талош варзида, яке аз муаллифони лоиҳаи Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистони соҳибистиқлол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қонунҳои ҳаётан муҳим буд ва ҳамзамон ҳомӣ ва ҷонибдори пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёд ба шумор мерафт, пора-пора карданд. Гарчанде қотилон ба ҷазои истисноии қатл маҳкум гардида бошанд ҳам, амали разилонаи онҳоро оламу одам намебахшад.

Дар он замон бо кушта шудани Нурулло Ҳувайдуллоев охирин унсурҳои дифоъ аз қонун аз байн рафт ва кишварро алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт, дигар дӯзду ғоратгар дар қаламрави ҷумҳурӣ бедод мекард. Ҷинояпешаҳои наҳзатӣ шеваҳои бадтарини қатлу кушторро истифода менамуданд. Инак аз замони ба қатл расонидани Нурулло Ҳувайдуллоев 27 – сол сипарӣ мешавад. Замони қатлаш Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамагӣ 52 – сол дошт. Ҳануз дар авҷи камолот буд, вале ба дасти чиноятпешагони террористи наҳзатӣ риштаи ҳаёташ барканд. Қатли Нурулло Ҳувайдуллоев қатли қонун, адолат ва ҳақиқат буд.

Гоҳо инсон аз бешармиву палидии саркардагони ҷиноятпешаи наҳзатӣ, ки нашармида дар Аврупо имрӯз аз “ҳуқуқи инсон”, “волояти қонун”, “ҳақиқату адолат” ҳарф мезананд, дар тааҷҷуб мемонад. Зеро инҳо ҳамонҳоянд, ки дар соли 1992 волоияти қонунро дар кишвар аз байн бурданд. Ҳазорон ҳазор нафарро ба қатл расониданд, кишварро ғорати сартосарӣ карданд, асоси ҳамаи бадбахтиҳо, ҷинояткориҳои баъдиро, ки баъзе аз онҳо то ҳол идома доранд, аз ин кирдорҳои нобахирадонаи онҳо маншаъ мегирад. Яъне нафароне, ки қонуну адолатро дар кишвар қатл карданд, мардумро муҷиби бадбахтиву оворагиву сарафкандагӣ карданд имрӯз аз адолат ҳарф мезананд. Набояд фаромӯш созанд, ки амалҳои касифона ва бадбахтиҳои ба сари миллати тоҷик овардаашон дар зеҳнияти таърихии миллат сабт гардидааст ва шумо бо ҳар чеҳрае, ки хешро вонамуд месозед, чеҳраи хашини миллаткуши даҳшатафкани шумо ҳамеша бармалост.

Аммо хотираи неки Нурулло Ҳувайдуллоев дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ маҳфуз аст. Тамоми ҳамватанони мо хотираи ин инсони шарифро ҳамчун муҳофизи қонуну адолат ва озодии Ватану миллат пос медоранд.

Ардамеҳр Ашурзода

номзади илмҳои сиёсӣ