Ҳамарӯза таксиҳои минтақаҳои дигар дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, ба низоми хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт халал мерасонанд. Ин амал ба тамбашавӣ ва риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боис мегардад. Ин нигаронӣ дар ҷаласае, ки дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати пешгирии ба шаҳри Душанбе воридшавии таксиҳои шаҳру навоҳии атрофи пойтахт бо иштироки роҳбарону намояндагони ширкату ҷамъиятҳои хизматрасонии мусофиркашонӣ доир гардид, садо дод.
Вуруд ва фаъолияти мусофиркашонии ғайриқонунии таксиҳои минтақаҳои дигар дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки тибқи тартиботи муқаррарнамудаи шаҳрдорӣ, воситаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд, мусофиронро танҳо то терминалҳои даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе интиқол диҳанд.
Ба иттилоъи маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт Далер Қурбонзода аз он нигаронӣ кардааст, ки ҷиҳати пешгирии воридшавии воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф ба ҳудуди пойтахт, тамбашавии нақлиёт ва дар доираи квотаи муайяншуда ба танзим даровардани онҳо пайваста тадбирҳо андешида мешаванд, аммо ҳолати хизматрасонии таксӣ дар пойтахт ҳанӯз ташвишовар буда, ба талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷавобгӯ нест.
Дар ҷаласа натиҷаи корҳои гузаронидаи Раёсати Хадамот дар пойтахт баррасӣ гардидааст. Ба иттилоъи манбаъ, ҳолатҳои вуруд ва фаъолияти ғайриқонунии мусофирканошӣ ба воситаҳои нақлиёти ҶДММ “Ҷасур Т”-и ноҳияи Рӯдакӣ — 14 маротиба, 11 ҳолат ба “Сафар Ориён”-и шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, 2 ҳолат ба “ХС Узтрейд Тоҷикистон” — шаҳри Ваҳдат, 2 ҳолат ба “Нақлиёт”-и шаҳри Ҳисор, 2 ҳолат ба “Самара”-и шаҳри Ваҳдат тааллуқ дошта, нисбат ба ин ронандагон протоколҳои ҳукуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Таъкид шудааст, ки ҶДММ “Хатлон”, ки макони ҷойгиршавияш шаҳри Бохтар аст, филиалҳои худро бо 31 адад таксӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 50 адад таксӣ дар шаҳри Норак таъсис дода, фаъолияти ғайриқонунии як қисми ин таксиҳо дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
“Варзобнақлиёт”, ки бо 630 адад таксӣ дар масири Душанбе — вилояти Суғд ба мусофиркашонӣ машғул аст, вазифадор гардидааст, ки фаъолияти худро то нуқтаи муайяншуда – терминали “Чорбоғ” ба роҳ монад.
Гуфта шудааст, ширкатҳои мусофирбари таксӣ, ки зери тамғаҳои “1111”, “3333”, “888” ва “1616” дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор филиалҳои худро боз намудаанд ва ронандагони ин филиалҳо бо намои (экипировкаи) ин ширкатҳо дар пойтахт ғайриқонунӣ мусофиркашонӣ мекунанд.
Дар ҷаласа ба роҳбарон ва намояндагони ҳамаи ширкату ҷамъиятҳои мусофирбар супориш дода шудааст, ки камбудиҳоро бартараф намуда, ҷиҳати пешгирии воридшавии таксиҳои шаҳру навоҳии атроф ба пойтахт тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Ба сардорони шуъбаҳои дахлдори Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе супорида шудааст, ки назоратро ҷиҳати пешгирии ҳолати мазкур пурзӯр намоянд.
Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, минтақаҳои Ҳисор, Рашт, Бохтар муваззаф шуданд, ки фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти прокуратура ва РБДА- и ВКД ҶТ ҳамоҳанг намуда, дар ҳолати минбаъд содиршавии қоидавайронкуниҳо нисбат ба ширкату ҷамъиятҳои мусофирбарӣ чораҳои қатъӣ андешанд.