“СAFA Nations Cup 2023”: Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон эълон шуд

Shared to Facebook

Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати мунтахабро барои мусобиқаи “CAFA Nations Cup 2023”, ки аз 10 то 20 июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, эълон намуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои омодагӣ ва иштирок  дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 26 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 29 май, дар Душанбе омодагиро ба мусобиқаи “CAFA Nations Cup 2023” оғоз мекунад. 31 май тими миллии мо ба шаҳри Тошканд сафар карда, онҷо ҷамъомади тамринӣ мегузаронад.

Ба иттилоъи манбаъ, дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Узбекистон (17 июн) рақобат менамояд.

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон барои мусобиқаи “CAFA Nations Cup 2023”: 

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз “Истиқлол”), Шоҳрух Қирғизбоев (“Хуҷанд”);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов (“Персеполис”, Эрон), Аҳтам Назаров (“Андиҷон”, Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев (“Нефтчӣ”, Узбекистон), Манучеҳр Сафаров (“Локомотив”, Узбекистон), Меҳрубон Каримов (“Самгурали”, Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз “Истиқлол”), Холмурод Назаров (“Равшан”);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев (“Кедах”, Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов (“Насаф”, Узбекистон), Комрон Турсунов (“ТРАУ”, Ҳиндустон), Хусрав Тоиров (“Шахтёр”, Украина), Муродалӣ Акназаров (“Анталяспор”, Туркия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз “Истиқлол”);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз “Истиқлол”), Нуриддин Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Муҳаммадалӣ Азизбоев (“Ҳосилот”).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).