Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 сентябр, дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи “Сирдарё”, ки ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид намудаанд.
Чойхонаи “Сирдарё” дар соҳили чапи дарёи Сир дар масоҳати 2 ҳазору 741 метри мураббаъ аз нав барқарор карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки чойхона бо тарҳу услуби зебои меъмории миллӣ бунёд гардида, дар ороиши деворҳои он ҳунарҳои наққошӣ, гаҷкорӣ ва кандакорӣ истифода карда шудаанд. Ҳунарҳои тасвиргардида дар бино бо хусусиятҳои хоси миллӣ ва услуби муосир ҳамоҳанг гардидаанд.
Дар саҳни ҳавлии чойхона 3 суҳбаткадаи кандакорӣ қомат афрохтааст.
Дар ҳамин ҷо Президент барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути 4 ҳавз ба дарёи Сир 1 миллион моҳича сар додаанд.
Моҳичаҳо аз зотҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ мебошанд, ки дар коргоҳҳои моҳичапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариш ёфтаанд.
Дар ҳамин ҷо, дар 5 аквариум намудҳои моҳӣ аз оилаи амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ муаррифӣ карда шуд, ки дар коргоҳҳои истеҳсоли моҳӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят парвариш меёбанд.
Иттилоъ дода шуд, ки моҳиҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ вобаста ба шароити обу иқлим ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 500 грамм вазн мегиранд.
Роҳбари давлат пас аз сар додани моҳичаҳо ба мутахассисони соҳа барои рушди моҳипарварӣ тавсияҳо дода изҳор доштаанд, ки дар обҳои Тоҷикистон зиёда аз 20 навъи моҳиро парвариш кардан мумкин аст.





