Дар Хуҷанд як қатор иншооти нави иҷтимоиву истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 сентябр, дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти нави иҷтимоиву истеҳсолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд, ки бо номи “Навниҳоли Ватан” фаъолият мекунад, расман ба истифода дода шуд.

Бинои нави муассиса дар заминаи Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2025 оғоз шудааст.

Дар бинои нави марказ ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, утоқҳои алоҳида барои гурӯҳҳои доимӣ ва кӯтоҳмуддат, шуъбаи модару кӯдак, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон бо шароити васеи хизматрасонию тавонбахшӣ фароҳам оварда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти марказ дар доираи татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ ба таъмини иҷтимоии ятимони кулл, тавонбахшии тиббию зеҳнӣ ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд равона гардида, дар он 75 кӯдак фаро гирифта мешаванд.

Президент зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва кормандони муассиса таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини зиндагии беҳтари ятимони кулл ва кӯдакони имконияташон маҳдуд тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамояд ва ин қишри осебпазири ҷомеа то қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона ҳамеша зери таваҷҷуҳ, нигоҳубин, ғамхорӣ ва сарпарастии давлат қарор мегиранд.

Ифтитоҳи МД Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд 22.09.2026

Дар идомаи боздид Президент дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и “Нури Раҳмон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мактаби нави чорошёна бо маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, барои қабули 4 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз гардидаанд.

Муассиса дорои 73 синфхона буда, 15-тои онҳо кабинетҳои махсуси фаннӣ мебошанд. Дар онҳо барои таълими химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар муассиса инчунин озмоишгоҳҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлис бо 300 курсӣ мавҷуд мебошанд.

Дар муассисаи нав Осорхонаи Пешвои миллат низ таъсис дода шудааст, ки дар он аксҳои панҷ давраи зиндагӣ ва фаъолияти Роҳбари давлат гирдоварӣ шудаанд.

Президент зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон ҷиҳати истифодаи оқилонаи имконоти мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки бо фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пеш аз ҳама сифати таҳсилот ва сатҳи дониш дар мадди аввал қарор дошта бошад. Зеро бе илму навоварӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ ба пешрафти устувор ноил шудан имконнопазир аст.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд 22.09.2026

Дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд кӯдакистони хусусии “Хуршеди Истиқлол” низ ба истифода дода шуд.

Муассисаи нави томактабӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Раҷабзода сохта шуда, барои фарогирии 600 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Таълим дар кӯдакистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи кӯдакон мураббияҳои соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ, дар муассиса беш аз 90 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Президент зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида бо тарбиятгирандагон суҳбат намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Сарвари давлат бо таъкид ба аҳамияти чунин иқдомҳои созанда масъулону мураббияҳоро даъват намуданд, ки аз имкониятҳои муҳайёгардида самаранок истифода бурда, дар тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тамоми малакаю маҳорати худро равона созанд.

Президент бинои нави кӯдакистонро туҳфаи арзишманд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маънидод намуда, амалисозии чунин ташаббусҳои созандаро омили муҳим дар татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 арзёбӣ карданд.

Ба истифода додани муассисаи томактабии Хуршеди Истиқлол дар шаҳри Хуҷанд 22.09.2026

Дар идомаи боздид Президент ба таври фосилавӣ як қатор иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.

Дар заминаи ҶДММ “Насли истиқлол” корхонаи парандапарварӣ ва коргоҳи забҳу коркарди гӯшти паранда ба фаъолият оғоз намуданд.

Корхонаи парандапарварӣ барои парвариши солонаи то 300 ҳазор сар мурғ ва коргоҳи коркарди гӯшт барои забҳу коркарди то 190 ҳазор сар мурғ дар як моҳ пешбинӣ шудааст. Дар ду иншооти мазкур, дар маҷмӯъ, 40 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ ду ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши умумии 3000 метри мукааб сохта шудааст. Бо истифода аз ин иншоот 878 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳад шуд.

Дар самти маориф муассисаи таҳсилоти миёнаи хусусии “Ворисон” барои 550 хонанда ва муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Ворисон” барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар соҳаи тандурустӣ бошад, филиали Маркази тиббии “Насл” ба фаъолият оғоз намуд.

Ҳамин тариқ, ба истифода додани иншооти нави иҷтимоӣ, таълимӣ, тандурустӣ ва истеҳсолӣ дар шаҳри Хуҷанд ба рушди инфрасохтори шаҳр, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, тавонбахшӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, инчунин тавсеаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президент зимни шиносоӣ бо иншооти нав ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳо, таъмини сифати баланди маҳсулоту хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият дастуру тавсияҳо доданд.

Ба истифода додани иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд 22.09.2026