Панҷ сол пас аз он ки пандемияи COVID-19 ҷони миллионҳо нафарро гирифт, ба низомҳои тандурустӣ зарари ҷиддӣ расонд, зиндагии муқаррарии ҷомеаро халалдор кард ва иқтисоди ҷаҳониро амалан боздошт, ҷомеаи ҷаҳонӣ талош дорад барои пандемияи навбатӣ омодагии бештар ва муассиртар дошта бошад. Ин масъала дар пасманзари афзоиши таҳдидҳо ба субот ва амнияти ҷаҳонӣ, ки бо пайдоиши бемориҳои нави сироятӣ, инчунин буҳронҳои иқлимӣ ва низоъҳо алоқаманданд, боз ҳам аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар натиҷаи COVID-19 беш аз ҳафт миллион нафар ҷони худро аз даст доданд. Пандемия на танҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, балки ба иқтисоди кишварҳо низ зарбаи ҷиддӣ зад, фаъолияти низоми тандурустиро дар бисёр кишварҳо халалдор кард ва нишон дод, ки дастрасии кишварҳои доро ва камдаромад ба ваксинаҳо, ташхис ва усулҳои табобат то чӣ андоза нобаробар буд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш вокуниши ҷаҳонӣ ба пандемияро “таърихи ихтироъкории инсон ва нокомии инсонӣ” номид. Ваксинаҳо дар муддати рекордӣ таҳия шуданд, аммо омодагии нокифоя ба ҳолатҳои фавқулода боис гардид, ки осебпазиртарин қишрҳои ҷомеа ба хизматрасониҳои тиббӣ камтар дастрасӣ дошта, бештар зарар бинанд.
_
Чаро омодагии ҷаҳонӣ муҳим аст?
Вирусҳое ба мисли COVID-19 марзҳои давлатиро намешиносанд. Авҷи беморӣ, ки дар як кишвар ошкор мешавад, метавонад ба зудӣ дар саросари ҷаҳон паҳн шуда, барои сокинони тамоми гӯшаҳои сайёра хатар эҷод кунад.
Аз ҳамин рӯ, назорати эпидемиологӣ, мубодилаи маълумот, таҳқиқоти илмӣ ва таҳияи воситаҳои нави мубориза бо бемориҳо, инчунин таъмини дастрасӣ ба ваксинаҳо, воситаҳои ташхис ва табобат аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкории байналмилалӣ ба шумор мераванд.
Бо ҳамин сабаб имрӯз саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист ҳамчун як низоми ягона ва ба ҳам алоқаманд баррасӣ мешавад. Зиёда аз 60 дарсади бемориҳои нави сироятӣ аз ҳайвонот ба инсон мегузаранд. Аз ин рӯ, назорати ҳамаҷониба дар нуқтаи пайванди ин се соҳа аҳаммияти ҳалкунанда дорад.
_
Мушкилоти нобаробарӣ
Пандемияи COVID-19 нобаробарии амиқро дар дастрасӣ ба ваксинаҳо, воситаҳои ташхис ва усулҳои табобат ба таври равшан нишон дод. Кишварҳои бойтар, ки дорои иқтидори истеҳсолӣ буданд, ба таври назаррас беҳтар омодагӣ дида буданд.
Аммо масъалаи баробарӣ танҳо ба дастрасӣ ба ваксинаҳо, доруҳо ва воситаҳои ташхис маҳдуд намешавад. Он ҳамчунин дастрасӣ ба дониш ва малакаҳо, захираҳо ва маблағгузориро дар бар мегирад.
Коҳиш додани ин тафовут далели муҳимест барои он ки пешгирӣ аз пандемияҳо, омодагӣ ба онҳо ва вокуниш ба чунин ҳолатҳо ҳамчун вазифаи байналмилалӣ, на танҳо миллӣ, баррасӣ карда шавад.
_
Созишномаи ҷаҳонӣ оид ба мубориза бо пандемияҳо
Пандемияи COVID-19 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ як ҳушдори ҷиддӣ гардид. Маълум шуд, ки ҳамкории байналмилалӣ барои пешгирӣ аз пандемияҳои оянда ва вокуниш ба онҳо аҳаммияти калидӣ дорад.
Дабири кулли СММ қаблан ҳушдор дода буд, ки ҳангоми сар задани пандемияи нав набояд ба хатоҳои гузашта роҳ дод, зеро пайдоиши он эҳтимол дорад ва кишварҳо бояд барои муқобила бо он якҷо амал кунанд.
Ҷомеаи байналмилалӣ дар ин самт аллакай ба пешрафт ноил шудааст. Моҳи майи соли 2025 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ “Созишнома оид ба мубориза бо пандемияҳо”-ро қабул кард. Ин аввалин санади ҷаҳонии дорои қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ дар самти пешгирӣ аз пандемияҳо, омодагӣ ба онҳо ва вокуниш ба чунин ҳолатҳо мебошад.
_
Қабули созишнома танҳо оғози кор аст
Ҳанӯз кишварҳо бояд замимаи созишномаро оид ба дастрасӣ ба патогенҳо ва истифодаи муштараки манфиатҳои бадастомада мувофиқа кунанд. Ин механизм мубодилаи намунаҳои вирусҳоро пешбинӣ намуда, дар навбати худ ба кишварҳои ниёзманд дастрасӣ ба ваксинаҳо, воситаҳои ташхис ва доруҳои дар асоси чунин мавод таҳияшударо кафолат медиҳад.
Пас аз қабули ин замима аз ҷониби Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ созишнома барои имзо ва тасвиб дар сатҳи миллӣ пешниҳод карда мешавад. Барои ба қувва даромадани санад тасвиби он аз ҷониби 60 кишвар зарур аст.
Созишнома ҳамчунин таъсиси Шабакаи ҷаҳонии занҷираҳои таъминот ва логистикаро пешбинӣ мекунад, ки имкон медиҳад дар ҳолатҳои фавқулода маводи тиббӣ ба кишварҳои ниёзманд расонида шавад. Илова бар ин, таъсиси механизми нави ҳамоҳангсозии молиявӣ дар назар аст, ки ба таҳким ва густариши иқтидорҳо дар самти пешгирӣ аз пандемияҳо, омодагӣ ба онҳо ва вокуниш ба чунин ҳолатҳо мусоидат хоҳад кард.
_
Барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода чӣ бояд кард?
Барои баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба пандемияи навбатӣ ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба самтҳои зерин таваҷҷуҳи бештар диҳад:
• пешгирӣ аз сар задани хуруҷи бемориҳо ва роҳ надодан ба паҳншавии онҳо;
• баланд бардоштани сатҳи омодагӣ, аз ҷумла таъмини малака ва захираҳои зарурӣ барои таҳқиқоти илмӣ ва таҳияҳои нав;
• тақвияти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо ҳадафи таъмини фаъолияти бефосилаи хизматрасониҳои асосии тиббӣ;
• фароҳам овардани иқтидорҳои иловагӣ ва имкониятҳо барои босуръат зиёд намудани истеҳсолот дар минтақаҳои гуногун, инчунин ташкили занҷираҳои устувори таъминот.
Асоси ҳамаи ин талошҳо бояд маблағгузории устувор ва пешбинишаванда, инчунин заминаи ҳуқуқии зарурӣ барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории байналмилалӣ бошад.
_
Ҳафтаи сатҳи баланд дар СММ
Ассамблеяи Генералии СММ, ки 193 давлатро муттаҳид мекунад, 25 сентябри соли 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи сатҳи баландро оид ба пешгирӣ аз пандемияҳо, таъмини омодагӣ ба онҳо ва вокуниш ба чунин ҳолатҳо баргузор мекунад.
Интизор меравад, ки роҳбарони кишварҳо масъалаҳои ҳамоҳангсозии иқдомҳои ҷаҳонӣ, маблағгузорӣ ва таъмини дастрасии баробар ба маводи тиббиро баррасӣ кунанд.
Интизор меравад, ки дар натиҷаи ҷаласа эъломияи сиёсие қабул шавад, ки уҳдадориҳои нави давлатҳоро дар ин самт муайян ва таҳким мебахшад.
_
Баъд чӣ хоҳад шуд?
Пешгӯии замони сар задани пандемияи навбатӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, омодагӣ ба он аҳаммияти ҳалкунанда дорад.
Дарси асосии пандемияи COVID-19 ин аст, ки омодагӣ набояд танҳо дар замоне оғоз шавад, ки бемористонҳо аллакай аз ҳад зиёд пур шудаанд. Ин раванд бояд ҳамин имрӯз оғоз гардад – тавассути таҳкими низомҳои тандурустӣ, таъсиси механизмҳои муассири огоҳсозии бармаҳал ва рушди ҳамкории байналмилалӣ.
Принсипи асосӣ бояд оддӣ бошад: ҳифзи инсон дар ҳар гӯшаи ҷаҳон ба ҳифзи инсон дар тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад.
Дэниел ДИКИНСОН




