Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Муғулистон

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20 июл, бо боздиди давлатӣ ба Муғулистон сафар карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ин сафар Президентро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ менамоянд.