Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки аз 21 то 23 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ фаромадани чангу ғубор, бориши борон ва селҳои маҳаллӣ дар назар аст.
Ба маълумоти Агентӣ, рӯзҳои 21-22 июл дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ шамол аз самти ғарб бо суръати 13-18 ва дар баъзе ҳолатҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Шамол бо чангу ғубор ва тирашавии ҳаво дар назар буда, боиси бадшавии биниш дар роҳҳо мегардад.
Имрӯз, 21 июл, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад.
Аз 21 то 23 июл бо сабаби бориши борон дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла дар вилояти Суғд (ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент) омадани селҳои маҳаллӣ дар назар аст.
Ҳамчунин, 22-23 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон то 10мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон то 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин ба шаҳрвандон тавсия дода шудааст, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд.




