Имрӯз, 21 июл, дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон ба Муғулистон мулоқоту музокироти сатҳи олии ҳарду кишвар баргузор гардид. Баррасии масоили ҳамкорӣ дар суҳбати хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Нахуст, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди пазироӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон карданд, ки “натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманди дуҷонибаи мо такони тоза хоҳанд бахшид”.
Ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳои сиёсии ду кишвар ёдовар шуда, ба тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун воситаи муассири таҳкими эътимоди сиёсӣ аҳаммияти махсус додаанд.
Дар рафти музокирот ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва рушди зерсохтор, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Муғулистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст.
Пешниҳод шудааст, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба Гурӯҳҳои муштараки корӣ дар соҳаҳои энергетика ва сохтмон ва рушди инфрасохтор таъсис дода шавад.
Саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ шудаанд.
Фаъолияти мунтазами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳамоҳангсозии маҷмӯи робитаҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузорӣ муҳим дониста шудааст.
Зикр гардидааст, ки ҳамкории гуманитарӣ ҷанбаи дигари муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон мебошад. Дар ин самт, бо қаноатмандӣ аҳамияти баргузории Рӯзҳои фарҳанги кишварҳо дар қаламрави якдигар таъкид гардидааст.
Густариши минбаъдаи робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва академӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар муассисаҳои соҳавии ду кишвар самти дигари ҳамкорӣ номида шудааст.
Зикр гардидааст, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш низ имконоти фарохи ҳамкорӣ мавҷуд аст.
Аз Муғулистон барои дастгирӣ аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва дигар пешниҳодҳои ҷаҳонии кишвари мо, бахусус дар соҳаҳои обу иқлим изҳори сипос карда шудааст.
Дар ин зимн аҳаммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду ҷониб дар чорчӯби Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ махсус таъкид гардидааст.
Ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб табодули афкор сурат гирифтааст.
__





