Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 12 санад ба имзо расид.
Нахуст Изҳороти муштараки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон қабул ва эълон гардидааст.
Сипас, санадҳои зерин ба имзо расидаанд:
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ва омӯзиш;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;
— Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи захираҳои маъданӣ ва нафти Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти геологӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати истихроҷи маъдан ва саноати вазнини Муғулистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сармоягузорӣ ва савдои Муғулистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Муғулистон оид ба ҳамкории стратегӣ дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани биёбоншавӣ;
— Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон Сарони давлатҳо барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаи музокиротро барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар неку ояндадор маънидод намудаанд.
Зимнан, рӯзҳои 20 — 21 июл дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор Ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор гардид.
__





