Ифтитоҳи чанд иншооти нав дар Душанбе

Shared to Facebook

Рӯзи 20 август бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ якчанд иншооти нав ба истифода супорида шуданд.

Нахуст дар ноҳияи Шоҳмансур “Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Литсейи мазкур барои 1440 хонанда дар ду баст, аз тарафи соҳибкор Абдураззоқ Саидов бунёд шудааст.

Аснои шиносоӣ Президент ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.

Гуфта мешавад, бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи  омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф”  дар ин литсей равияи таълим бештар ба омӯзиши  илмҳои табииву риёзӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин, ҳамон рӯз дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муассисаи нави таълимӣ аз ҷониби соҳибкор, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Fаюр” Акбар Fуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Президент зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити нави таълимӣ дар ин муассиса ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави таълимиро дар арафаи Соли нави хониш ва ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманд барои хонандагону омӯзгорони пойтахти мамлакат маънидод карданд.

Аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар гимназия Пешвои миллат ба омӯзгорону дигар масъулон барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши донишҳои муосир ва технологияи замонавӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Рӯзи 20 август ҳамчунин бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба истифода супорида шуд.

Президент зимни ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо шароити кормандон ба кори босифати сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд доданд. Сарвари давлат ба истифода супоридани иншооти навро дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Президент баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба кормандони соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки сатҳи хизматрасониро ба андозсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба роҳ монда, барои ғанӣ намудани буҷети давлатӣ бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона фаъолият намоянд.

Дар идома бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба истифода супорида шуд.

Гуфта мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур ва он ҳам бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун намуда, ба беҳдошти сатҳи зиндагонии онҳо низ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо кормадони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузорӣ намудан дар пойдории сулҳу субот, Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ роҳнамун сохтанд.

Ҳамон рӯз ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ меҳмонхонаи 13-ошёнаи “Сафо Душанбе” ба истифода супорида шуд.

Меҳмонхонаи чорситорадор бо тарҳи муосир ва бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити бино ба Президент иттилоъ дода шуд, ки дар меҳмонхонаи чорситорадор имкон аст дар як вақт ба 135 нафар хизмат расонида шавад.

Сохтмонӣ ин меҳмонхона моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида буд.

Ба маълумоти мақомот, айни замон дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 12 меҳмонхонаи чор ва панҷситорадор идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ободии пойтахти мамлакат -шаҳри Душанбе баҳои баланд дода, масъулинро ба истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар меҳмонхона ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин, рӯзи 20 август дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии пойтахт бинои нави Вазорати молияи Тоҷикистон ба истифода супорида шуд.

Гуфта шуд, бинои нави Вазорати молия, ки бо тарҳу шакли муосир дар маркази пойтахт бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қомат афрохт, аз зумраи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ буда, дорои имконоти фарохи фаъолият барои тамоми кормандони Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Вазорати молия мебошад. 

Президент аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда дар бинои нав, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Вазорати молияро туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ба ҳайати кормандон дар арафаи ҷашни муҳиму муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.  

Бино аз 11 ошёна, 2 даромадгоҳи асосӣ ва 7 даромадгоҳи ёридиҳанда иборат аст. Дар таҳхонаи бинои нави Вазорати молия таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо, ҳуҷраҳои техникии системаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, сарднамоӣ, барқи камшиддат ва таҷҳизоти қуввагӣ, ҳуҷраи тақсимоти оби нӯшокӣ бо пойгоҳи автоматӣ ва ҳуҷраи мудофиаи гражданӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар бино ошхона барои 120 ҷой, ҳуҷраю утоқҳои кории раёсатҳо, қабули шаҳрвандон, нуқтаи тиббӣ, толори компютерӣ, толорҳои маҷлис, Раёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони дигар ташкилоту корхонаҳои зертобеи Вазорати молия, ки то имрӯз макони мувофиқи фаъолият ва шароити мусоиди кор надоштанд, ҷойгир карда шудааст. Толори муҳташаму барҳавои маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст, толори машқ, қаҳвахона ва боғи зимистона аз имкониятҳои дигари бинои нави Вазорати молия мебошад, ки ҳамагӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудаанд.

Зикр гардид, ки татбиқи муваффақонаи сиёсати молиявӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ нақши назаррас мегузорад. Айни ҳол новобаста аз шароити мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти мамлакат, мақомоти молияи кишвар фаъолияти худро баҳри таъмини дастрасии молиявӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт идома медиҳанд.

Пешвои миллат зимни ошноӣ бо шароитҳои иншооти тозабунёд, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз кормандони Вазорати молия даъват ба амал оварданд, ки бо дасту дили пок вазифаҳои хизматии худро анҷом дода, дар тадбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ҳиссагузорӣ кунанд.

Кормандони мақомоти молия низ дар навбати худ нисбат ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлати Тоҷикистон бобати тақвияти низоми молиявии кишвар ва ба истифода додани бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз зеботарин иншоотҳо дар маркази ҷумҳурист, арзи сипосу миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароитҳои бинои тозабунёди Вазорати молия, Президент дар толори вазорат бо кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сарраёсату раёсатҳои он мулоқот анҷом доданд. Пешвои миллат ширкаткунандагони ҳамоишро бо фарорасии солгарди 30-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҳният гуфта, бунёди бинои нави Вазорати молияро самараи суботи сартосарӣ ва ваҳдату ягонагии миллат арзёбӣ намуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат фаъолияти сохтори молияи кишварро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дастовардҳои ин сохторро натиҷаи талошҳои кормандони соҳа арзёбӣ карданд ва бобати рафъи камбудиҳои боздорандаи рушди соҳа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.