Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба аввалин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вобаста ба мубталошавияш ба коронавирус барқия фиристодаанд.
Сомонаи расмии Назарбоев рӯзи 18 июн хабар дод, ки ӯ ба коронавируси COVID-19 мубтало шудааст.
Бино ба иттилоъи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар барқияи худ Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев шифои оҷилу комил таманно кардааст:
“Бо эҳсосоти нигаронӣ ва изтироб хабари гирифтор шудани Шуморо ба бемории коронавирус дарёфтам. Мехоҳам ба Шумо дастгирии бародарона ва ҳамаҷонибаи ин ҷонибро иброз намоям. Сидқан ба Шумо шифои ҳарчи зудтару комил, қавирӯҳӣ, саломатии бардавом ва некӯаҳволӣ таманно дорам. Лутфан, Нурсултон Абишевичи гиромӣ, ғояти эҳтироми манро бипазиред”, — омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар барияи худ изҳори боварӣ намудааст, ки Президенти собиқи Қазоқистон ва ҳамзамон нахустин Президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар зудтарин фурсат бар маризии коронавирус ғолиб меояд. Ба маълумоти Хадамоти матбуоти Президенти Ӯзбекистон, дар мактуби ирсолкардаи Мирзиёев чунин омадааст:
“Ман аз хабари мубтало шудани шумо ба бемории коронавирус хеле ташвишовар шудам. Мехоҳам бори дигар ба Шумо, бародари азиз ва қадрдони ман, изҳор мекунам, ки дар ин айёми душвор ман бо шумоям ва ҳамаҷониба дастгириятон мекунам. Нурсултон Абишевичи гиромӣ, аз Худованди бузург хоҳиш мекунам, ки ба Шумо саломатии комил, қувват, умри дароз ва комёбиҳои навро ҳадя кунад”.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи расмии Назарбоев гуфт, вазъи собиқ Президент хуб буда, ӯ дар карантини хонагӣ қарор дорад:
“Нурсултон Назарбоев худро хуб ҳис мекунад, беморӣ дар шакли сабук ҷараён дорад, ҳарорат мӯътадил аст. Нахустин Президенти Қазоқистон таҳти назорати табибон қарор дорад. Ба гуфтаи онҳо, ягон нигаронӣ вуҷуд надорад”, — гуфт сухангӯи Президенти собиқ Айдос Укибой.
Ба гуфтаи сухангӯ, аз рӯзе, ки мубталошавии Назарбоев ба коронавирус дақиқ шуд, ӯ фавран худро карантини хонагӣ кард. Аммо дар шароити хона ба фаъолияти худ идома медиҳад. Ҳамзамон ба гуфтаи ӯ, мактубҳое, ки президентҳои кишварҳои гуногун унвонии ӯ ирсол мекунанд, бевосита худаш мехонад:
“Барои Нурсултон Назарбоев ҳама мактубҳо пурарзишанд. Маҳз ягонагии одамон, таманниёти самимона ва меҳрубононаи онҳо ба Назарбоев қувваи тоза мебахшанд”, — тавиштааст сухангӯ дар “Твиттер”.