Ҳукми суди “Бачаи кампир” ва дигар аъзои гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ

Shared to Facebook

Суди шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноятии аъзои гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ таҳти роҳбарии сокини шаҳри Норак Қурбонов Муқим Шералиевич, мулаққаб ба “Муқимча” ва “Бачаи кампир”-ро ба анҷом расонида, ҳукм содир кардааст.

Бино ба гузориши Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, 7 узви ин гуруҳ, ки 3 моҳ қабл аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир гардиданд, аз 15 то 20 сол маҳкум ба зиндони низомаш сахт шуданд:

“Дар рафти тафтиши пешакӣ саҳми ҳар як аъзои гурӯҳ дар қочоқи маводи мухаддир, дастраснамоӣ, интиқол, паҳнкунӣ ва фурӯши он дар дохил ва кишварҳои хориҷа муайян карда шуда, дақиқ гардид, ки хариду фурӯш ва ҳамагуна амалиёти додудигирифти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро роҳбари гурӯҳи муташаккил Қурбонов Муқим назорат ва нақшабандӣ намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз ҷумла “Ватс-Ап”, “Имо”, “Вайбер” бо дигар ҳаммаслаконаш ба роҳ мондааст”, — гуфта мешавад дар гузориш.

Аз ҷумла, нисбат ба роҳбари гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб Қурбонов Муқим Шералиевич ва ду нафар ҳаммаслаки дигараш Назиров Рӯҳангез Латифович ва Боронов Ҳикматулло Мирзоевич ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати 20 сол таъин карда шуд. Илова бар ин, аъзои дигари гурӯҳи нашъаҷаллоб Назиров Сироҷ Сулаймонович, Салимдодов Шамсиддин Самиевич, Латипов Зоир Гадоевич ва Қаландаров Доваршо Мирзоевич ба муҳлатҳои аз 15 то 17-солӣ бо адои ҷазо дар калонияҳои низомашон сахт таъин карда шудаанд.

Ҳамзамон молу мулки маҳкумшудагон, аз қабили манзили истиқоматии 2-ошёна, лимухона, маркази савдои “Осиё”, манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Норак ва 7 адад автомашинаҳои гаронарзиши хориҷӣ, ки аз ҷониби милитсияи шаҳри Душанбе дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-тафтишоӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд, ба фоидаи давлат мусодира гардидаанд.

Дар гузориши “Пайроҳаи қочоқ”, ки ҷараёни дастгиршавии аъзои ин гуруҳро намоиш медод, гуфта мешуд, ки дар умум, аз ин гуруҳ зиёда аз 70 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира гардид.