Боз ду ҳолати ғарқшавӣ: ҷасади ноболиғро пайдо накардаанд

Shared to Facebook

Мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ду ҳодисаи ғарқшавии шаҳрвандонро, ки яке ноболиғ будаву дигарӣ дар пайи муноқиша ғарқ шудааст, шарҳ доданд:

“Як ноболиғ аз деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара рўзи 24-уми июн дар обанбори НБО Норак ғарқ шудааст. Ин писараки 15-сола, ки ҳамроҳ бо дӯстонаш шиноварӣ мекард, мегӯянд, аз беэҳтиётӣ ба қаъри об рафтаву ҷони худро аз даст додааст”, — хабар дод сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Бо расидани хабари фаврӣ наҷотдиҳандагони Кумита дар минтақаи Кулоб ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда ва то соати 20:50, то замоне, ки атрофро пардаи торикӣ фаро гирифт, ӯро ҷӯстаанд. Кофтукови рӯзи аввал натиҷа надода, рӯзи гузашта ҳам наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯро идома додаанд.

Тафсилоти бештари хабар нашр нашудааст. 

Манбаъ ҳамчунин аз пайдо шудани ҷасади шаҳрванди 25-солаи сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон хабар додааст. Бино ба ин хабар, номбурда баъди як муноқиша ва муштзанӣ бо сокини 32-солаи шаҳри Душанбе аз ҳуш рафтаву дар канали дереватсионии НОБ-и Варзоб ғарқ шудааст:

“Баъди дарёфти хабар гурӯҳи Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, то соати 19:40 дақиқа корҳои кофтуковиро ба роҳ монданд, аммо бенатиҷа.  

Субҳи 25 июн кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷустуҷӯи худ идома доданд ва соати 08:10 дақиқа онро пайдо намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, — омадааст дар хабар.

Маълум шудааст, ки ғарқшуда сокини ноҳияи Вахш Камолиддин Маҷидов буда, дар як пархош ва муштзанӣ бо сокини шаҳри Душанбе Иқбол Каримов дар ҳоли беҳушӣ ба канали НОБ-и Вазоб сарозер шудааст.

Кормандони милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Иқбол Каримовро боздошт ва таҳти бозпурсӣ қарор додаанд.

Дар бораи сабабҳои муноқиша хабар дода намешавад, аммо мақомот мегӯянд, тафтишоти ҳодиса идома дорад.