Сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд рӯзи 30 июн аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта, дар ҷараёни ин боздид як қатор иншооти нав ба истифода супорида шуданд.
Қаблан Хадамоти матбуотии Президент иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Сарвари давлат дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти нав иштирок намуда, бо рафти корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла роҳу усулҳои истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ шинос мешаванд ва бо аҳли заҳмату сокинони вилоят мулоқоту вохӯриҳо анҷом медиҳанд.
Нахуст дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Роҳбари давлат нахуст ба фаъолияти Маркази ташхисию табобатии “Ваҳдат” оғози расмӣ бахшиданд. Ин Марказро ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соҳибкор Муҳиддин Самадов бунёд кардааст.
Гуфта шуд, Маркази ташхисию табобатии “Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорумин иншооти тиббии хусусӣ ба ҳисоб меравад, ки дар доираи дастгириҳои давлатӣ бунёд карда шудааст.
Дар ошёнаи якуми бинои Марказ намоиши молу маҳсулоти тиббӣ ташкил карда шуд, ки дар он ширкатҳои истеҳсолии дохилию хориҷӣ дастгоҳу таҷҳизот ва асбобу анҷоми тиббиро ба маърази тамошо гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар қаламрави вилояти Суғд даҳҳо адад ширкату корхонаҳо ба истеҳсоли маводи тиббӣ машғуланд ва талаботи муассисаҳои тиббии вилоятро қисман бо асбобҳои зарурӣ таъмин карда метавонанд. Аз ҷумла, беморхонаҳо бо кату рахтҳои хоб, дастгоҳҳои ташхисӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ пурра аз ҳисоби ширкатҳои ватанӣ таъмин карда мешаванд.
Роҳбари давлат ҳангоми шиносоӣ бо шароитҳои Марказ, ба соҳибкорони маҳаллӣ барои дастгирии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат изҳори сипос карда, ба масъулони Вазорати тандурустӣ ва раёсати он дар вилояти Суғд дастур додаанд, ки фаъолияти бахши хусусиро дар соҳаи тандурустӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.
Дар идома, дар ҳамин деҳот боз як иншооти тиббии дигар — бинои дуошёнаи Беморхонаи сироятии ноҳиявиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Гуфта мешавад, азбаски деҳоти Хистеварз дар қаламрави ноҳия аз калонтарин минтақаҳои аҳолинишин ба шумор меравад, зарурати бунёди чунин беморхона солҳо боз ба миён омада буд.
Дар Беморхонаи сироятӣ 56 воҳиди корӣ ташкил карда шудааст ва ба бештар аз 63 ҳазор аҳолии ҷамоат 2 табиби сироятшинос, 11 ҳамшираи шафқат ва 5 корманди хурди техникӣ хизмат мерасонанд. Беморхона дорои 40 кати хоб, 10 ҳуҷраи табобатӣ ва 12 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Утоқҳои табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ба пуррагӣ таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳукумати вилоят ва ноҳия Беморхона бо 2 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 адад оксигенератор, 4 адад кардиомонитор, 2 адад инфузомат, 1 адад дефибриллятор, 1 адад рентгени сайёр, нуқтаҳои оксигени табиӣ ва дигар таҷҳизоти барои ташхис ва табобати бемориҳои хавфноки сироятӣ зарурӣ таъмин карда шудааст.
Сарвари давлат аз табибон даъват ба амал овардаанд, ки ҳангоми табобат, бо беморон пеш аз ҳама хушмуомила бошанд, зеро бемор бештар аз дигарон ба муомила ва сухани хуб муҳтоҷ аст, яъне табиб ҳам бо дорую дармон ва ҳам бо рафтору гуфтор шахси беморро муолиҷа мекунад.
Тибқи иттилои масъулони соҳаи тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ҳамаи 12 ҷамоати деҳоти ноҳия беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мавҷуд аст ва дар муассисаҳои тандурустӣ норасоии кадрӣ эҳсос намегардад.
Дар деҳоти Хистеварз ҳамчунин Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд гардидааст.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободонӣ дар деҳоти Хистеварз, роҳҳои гирду атрофи Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон мумфарш гардидаанд.
Президент зимни боздид ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусту ҳифзи чунин маконҳои фароғатӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид додаанд.
Дар идома, дар деҳоти Хистеварз Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат бо шароитҳои дар марказ фароҳамовардашуда шинос гардида, бо кормандони маҷмааи хизматрасонӣ аз наздик суҳбат намуданд.
Гуфта шуд, иншооти нав дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Абдусамӣ Раҳмонов бунёд гардидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкоронро намунаи ибрат ва боиси дастгирӣ номидаанд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 50 кӯдаки ятим туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кардаанд.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта Президент дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Абдуғаффор Ҷабборов”-и деҳоти Хистеварз шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин хоҷагӣ дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфта, самти асосии фаъолияти он парвариши сабзавот, аз ҷумла помидор аст.
Зимни боздид аз хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳмдорон барои пайгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо Президент ҳамчунин аз намоишгоҳи зироатҳои кишоварзии ноҳия дидан намуда, аз заҳмати ҷавонмардонаи хоҷагидорону соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Сарвари давлат бобати зиёд намудани маҳсулот ва содирот кардани он ба кишоварзон ва масъулони хоҷагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Рӯзи гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фермаи парандапарварии ҶДММ “Чӯҷаи Байзо”-ро ифтитоҳ намуданд. Фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ҷавон Азимҷон Пӯлодов бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, он аз 7 қисм иборат мебошад ва дар масоҳати 1,48 гектар доман густурдааст. Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки корхона дар вилояти Суғд яке аз калонтарин коргоҳҳои хушзоткунии паранда ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсоли гӯшти мурғ дар як моҳ 100 тоннаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳ муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардида, ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо ва мурғҳои гӯштӣ ба таври автоматӣ назорат карда мешавад.
Гуфта шуд, бо ба истифода додани Фермаи парандапарварии “Чӯҷаи Байзо”, воридоти гӯшти мурғ ба мамлакат боз ҳам коҳиш меёбад. Зимни боздид ҷиҳати васеъ гардонидани истеҳсолот ва афзоиш додани истеҳсоли гӯшти мурғ ба масъулони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ супоришҳо дода шуд.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи Фермаи парандапарварии “Чӯҷаи Байзо” дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.
Рӯзи 30 июн Президент ҳамчунин ба Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ташриф оварда, аз намоишгоҳи зардолу ва асал дидан намуданд.
Дар ин ҷо деҳқонони меҳнатқарини вилояти Суғд, аз ҷумла” 35 навъи маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, ба монанди “Қандак”, “Хуҷандӣ”, “Мирсанҷалӣ”, “Субҳонӣ”, “Аҳмадӣ”, “Хурмоӣ”, “Шифо”, “Ниёзӣ”, “Серҳосил”, “Гулгунӣ” “Кадухурмоӣ”, “Тоҷибой”, “Рӯҳи ҷавони сурх”, “Лола”, “Бобо ғелон”, “Сафедак”, “Шоҳӣ”, “Шохшикан”, “Аразми калон”, “Нишонӣ”, “Учмаи сафед”, “Кошифӣ”, “Хурмои лучак”, “Аҳрорӣ” ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.
Таъкид шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, масоҳати калони боғу токзори кӯҳна дубора барқарор гардид. Соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят наздики 800 гектар ва имсол бошад, 586 гектар боғи нав бунёд карда шудааст. Дар боғоти нав асосан ниҳоли дарахтони серҳосили мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда шинонида шудаанд.
Дар маҷмӯъ, имрӯз дар миқиёси вилоят 70 ҳазор гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он 50 ҳазору 542 гектар ҳосилдиҳанда мебошад.
Тибқи ҳисоби пешакии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, то охири мавсим бояд, дар маҷмӯъ, 107 ҳазору 880 тонна зардолу ҷамъоварӣ карда шавад.
Президент деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани зардолузор ҳидоят намуда, таъкид доштаанд, ки Тоҷикистон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Ҳамин аст, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату тамъи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу баҳои баланд додаанд.
Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чандин корхонаву коргоҳҳои коркард ва банду басти меваи хушк мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ харидорони худро дорад. Тибқи маълумоти масъулон, ҳоло дар ҳудуди вилоят зиёда аз 30 корхонаи коркарди мева фаъолият доранд.
Сарвари давлат ба фаъолияти ин корхонаҳо баҳои баланд дода, ба соҳибкорон маслиҳат додаанд, ки ба дастовардҳои ноилгардида қаноат накарда, дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз зардолузори Боғи миллии “Ваҳдат” дидан намуда, бо боғпарварони соҳибтаҷрибаи он суҳбати ҷолиб анҷом додаанд ва таҷрибаи онҳоро дар самти рӯёндани навъҳои беҳтарини зардолу намунаи омӯзиш арзёбӣ кардаанд.
Президент зимни шиносоӣ бо тарзи чидану хушк кардани зардолу ба масъулон оид ба таъсиси коргоҳҳои хушксозӣ ва бастабандии мева мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ, ки асоси якчанд маротиба зиёд шудани даромад аз боғу токпарварӣ аст, маслиҳатҳои муфид додаанд.
Дар ин ҷо ҳамчунин аз ҷониби занбӯрпарварони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни асал ва прополис ба намоиш гузошта шудааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки соли гузашта занбӯрпарварони вилоят аз 56 ҳазору 482 оилаи занбӯр 1 ҳазору 417 тонна асал истеҳсол карданд.
Президент зимни суҳбат бо занбӯрпарварон дастур додаанд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.