Бонки ҷаҳонӣ барои навсозии НБО Норак $50 млн ҷудо кард

Shared to Facebook

Бонки ҷаҳонӣ аз ҳисоби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (IDA) барои таҷдид ва азнавсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак 50 миллион доллар грант ҷудо кардааст. Ба иттилои дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ин маблағ барои марҳилаи дуввуми Лоиҳаи барқарорсозии нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст:

“Барқарорсозии иқтидорҳои тавлидкунандаи нерӯгоҳи Норак барои таъмини амнияти энергетикии мардуми Тоҷикистон зарур аст”, — гуфтааст роҳбари Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин сармоягузорӣ дар шароити пандемияи коронавирус дастгирии ҷойҳои корӣ ва даромади мардум буда, барои барқарорсозии зуд ва устувор дар давраи пас аз бӯҳронӣ муҳим аст.

Нерӯгоҳи барқи обии Норак бо иқтидори беш аз 3000 мегаватт, тақрибан 50 фоизи ҳаҷми умумии нерӯи барқро дар Тоҷикистон истеҳсол мекунад. Дар айни замон НБО-и Норак аз чор се ҳиссаи иқтидорҳои муқарраршударо истифода мебарад. Ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, баъди ба итмом расонидани корҳои барқарорсозӣ дар доираи Лоиҳа, Нерӯгоҳи барқи обии Норак тавлиди нерӯи барқро тақрибан 300 миллион кВт/соат афзоиш медиҳад, ки ба барномаҳои Ҳукумат ҷиҳати қонеъ кардани талабот ба нерӯи барқ ​​ҳатто дар фасли сарди зимистон мусоидат мекунад. Дар тобистон Тоҷикистон метавонад содироти қувваи барқро аз захираҳои гидроэнергетикӣ тавассути хатти интиқоли лоиҳаи CASA-1000 ва инчунин тавассути пайваст кардани системаи энергетикии кишвар ба системаи энергетикии Осиёи Марказӣ тавсеа диҳад.

Марҳилаи I Лоиҳаи барқароркунии Нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ (225,7 миллион доллар), Бонки Осиёгии Инфраструктура (60 миллион доллар) ва Бонки Авруосиёии Рушд (40 миллион доллар) маблағгузорӣ мешавад, моҳи марти соли 2019 оғоз ёфт.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, марҳилаи II Лоиҳа маблағгузории таъмири капиталии шаш агрегати боқимонда, барқарорсозии пули Норак, таъмири бинои НБО ва дигар иншооти асосӣ ва ҳамзамон мустаҳкам намудани имконоти НБО Норак дар истифода ва нигоҳдориро пешбинӣ мекунад.

Гуфта мешавад, арзиши умумии марҳилаи II-юми Лоиҳа 192 миллион долларро ташкил дода, Ҳукумати Тоҷикистон бо дигар шарикони рушд барои таъмини маблағҳои иловагии зарурӣ ҳамкорӣ карда истодааст.