COVID-19 дар Тоҷикистон: Боз як ҳолати фавт

Shared to Facebook

Дар Тоҷикистон боз як ҳолати фавт аз коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.

Ба маълумоти манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 54 ҳолати нави сироятёбӣ ба ин вирус сабт шудааст:

“То 5 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6213 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4858 (78,2{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд”, — маълумот дод манбаъ.

Бино ба омори Вазорат, давоми шабонарӯзи охир 225 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 49 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.