19 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе баргузор гардид, иттилоъ додааст Прокуратураи генералӣ.
Зимни мулоқот масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, инчунин амалишавии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040» баррасӣ шуданд.
Ҳабибулло Воҳидзода нақши мақомоти прокуратураро дар ҳамоҳангсозии ҳамкории байниидоравӣ ва байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Каха Имнадзе саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими суботу амният дар Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ карда, сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро дар танзими масъалаҳои байнисарҳадӣ, аз ҷумла делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва имзои Декларатсияи Хуҷанд муҳим хонд.
Ҳамчунин ба «Раванди Душанбе» ҳамчун платформаи байналмилалии мубориза бо терроризм баҳои баланд дода шуд.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкории минбаъда дар самти таҳкими сарҳади давлатӣ ва масъалаҳои марбут ба он иброз намуданд.




