Дар Тоҷикистон миқдори маводи психотропии мусодирагардида, ки истеъмолгаронаш асосан ҷавонон мебошанд, афзудааст.
Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт:
“Сарфи назар аз камшавии маводи нашъаовар дар нимсолаи аввал дар умум, мусодираи маводи нашъаовари героин ва маводи синтетикии психотропӣ афзуд, ки ба солимии инсон бештар зарароваранд”, — гуфт ӯ.
Ба маълумоти номбурда, дар ин давра 1649 ҳаб (таблетка) ва 14,545 кг маводи синтетикии психотропӣ мусодира гардидааст, ки 8,8 кг ё худ 2,5 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ба иттилоъи мақомот, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1 тоннаву 186 кг 434 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 126 килову 388 грамм ё худ ба андозаи 9,6{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} камтар аст.
“Истеъмолгарони асосии воситаҳои нашъаовари синтетикии психотропӣ ҷавонон мебошанд. Як ҳаби он аз 15 то 20 доллар нарх дорад. Ҷинояткорон ин маводро маъмулан дар муассисаҳои фароғатӣ мефурӯшанд. Агентӣ оқибатҳои ҷиддии ин тамоилро дарк карда, барои аз байн бурдани қочоқи ин навъи воситаҳои нашъаовар ҳамаҷониба талош меварзад”, — иброз дошт Салимзода.
Ба гуфтаи Салимзода, дар Тоҷикистон маводи синтетикии психотропӣ истеҳсол намешавад ва онро тариқи қочоқ аз кишварҳои Аврпуо, инчунин Афғогистону Эрон ба ҷумҳурӣ ворид мекунанд.
“Дар як амалиёт гурӯҳи ҷиноятпешае ошкор шуд, ки зиёда аз 5 ҳазор ҳабро дар автомашинаҳои барои фурӯш дар Тоҷикистон пешбинигардида аз Рига меовард”, — илова кард ӯ.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Салимзода, солҳои охир қаламрави Тоҷикистон ҷиҳати ҳамлу нақли маводи мухаддир камтар истифода мегардад. Бино ба маълумоти расмӣ, тавассути “Масири шимолӣ” аз 8 то 10 фоизи миқдори умумии маводи мухаддир интиқол дода мешавад.
Маомот мегӯянд, сабаби асосии ин коҳишёбӣ чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, пурзӯр намудани мубориза алайҳи қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятии ҷумҳурӣ мебошанд.
Гуфта мешавад, солҳои қаблӣ аз тариқи ин масир тақрибан 25-40{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} маводи мухаддири дар Афғонистон истеҳсолшуда интиқол дода мешуд. Ҳоло дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин дар Русия ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир 5 маротиба коҳиш ёфта, теъдоди шаҳрвандони ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздоштшудаи Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ 2,5 маротиба кам шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввал 80 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҷиноят ё 6,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин 53 ҷиноят оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣбо мақсади фурӯш, 1 ҷиноят оид ба фасодхонаҳо, 5 ҷиноят оид ба қочоқи маводи нашъадор ва боқимондаро дигар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил додаанд.
Дар ин давра 216 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба маводи нашъаовар ошкор карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳодиса ё 4,3 фоиз зиёд будааст. Дар ин робита 227 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 175 ҳазору 420 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шудааст.
Дар ин давра Агентӣ фаъолияти 26 гуруҳи ҷиноятиро дар ҳайати 57 нафар, аз ҷумла фаъолияти 3 гуруҳи муташаккили ҷиноятпешаро дар ҳайати 7 нафар ошкор ва қатъ гардонидааст.