Боздиди Президент аз Ҳисору Рӯдакӣ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 июл бо сафари ба шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, аз бархе хоҷагиҳои деҳқонӣ боздид намуданд. Нахуст дар шаҳри Ҳисор Сарвари давлат дар деҳаи “Ҳаёти нав” бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Талабшо Давлатов шинос шуданд.

Талабшо Давлатов бо аҳли оилааш масоҳати 0,10 гектарро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ босамар истифода менамоянд. Ӯ дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ кишти зироати лубиёгӣ ва сабзавотро хуб ба роҳ монда, ҳамасола аз ду то се ҳосил аз як замин ба даст меорад.

Дар ин ҷо Президент бо анбори нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои захираи ду соли минбаъда пешбинӣ шудааст, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар анбор номгӯи зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гандуму лубиё, наску нахуд, мошу зағир ва дигар навъи зироати кишоварзӣ дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамчунин наздики 50 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва мевагиҳо, ки аксари он ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигии ҳамин оила мебошад, дар шакли консерва захира гардидааст.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба Талабшо Давлатов баҳои баланд дода, таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили зиёди сабзавоту полезӣ маҳз дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.

Зимни суҳбати самимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи оилаи Давлатовҳо дар истифодаи босамари замин баҳои баланд доданд.

Президент барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Талабшо Давлатов лавозимоти рӯзгор, аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, ҷевону рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Дар идома Сарвари давлат бо фаъолияти ҶДММ “50-солагии Октябр”-и шаҳри Ҳисор шинос шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагӣ ба кишти картошкаи тирамоҳӣ оғоз бахшида, ба кишоварзон дар фаъолияти пурмасъулу заҳматталаб барору комёбӣ орзу карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъияти мазкур яке аз хоҷагиҳои намунавии шаҳри Ҳисор ба шумор рафта, 232,6 гектар замини корамро дар ихтиёр дорад.

Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва ҳукумати ҷумшурӣ дар мавсими кишти такрорӣ дар шаҳри Ҳисор майдони кишти картошка то 40 фоиз зиёд карда мешавад. Имсол дар ҳама бахшҳои кишоварзии шаҳр дар масоҳати 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад. Кормандони Ҷамъият бо мақсади амалӣ намудани ин нақшаҳо, дар масоҳати 25 гектар картошкаи тирамоҳӣ кишт мекунанд.

Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори хоҷагидорон баҳои баланд дода, онҳоро ба заҳмати софдилонаву пурмаҳсул ҳидоят намуданд. Бино ба таъкиди Сарвари давлат, фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тару тоза, махсусан картошка ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз аз фаъолияти хубу босамари кишоварзон вобастагӣ дорад.

Ҳамчунин, рӯзи 22 июл Президент дар шаҳри Ҳисор аз хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи деҳқон” ва “Файзи Ҳоҷӣ” дидан намуда, бо нашъунамои зироат аз наздик шинос шуданд. Сарвари давлат аснои боздид кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ба хотири рӯёнидани ҳосили баланд ва гузаронидани чанд кишт меъёрҳои агротехникиро ҳамаҷониба риоя намуда, заминро самаранок истифода баранд, зеро дар чунин вазъияти ногувор, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин метавонад бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуда, эҳтиёҷоти аҳолиро бо  маводи ғизоӣ қонеъ созад.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуданд. Аснои боздид аз намоишгоҳ Президент ба масъалаи ҷамъоварии зироатҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Пешвои миллат ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд. Корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон Фозил Бадиев ва Ҷӯрабек Сайфиддинов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст, ки аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз калонтарин корхона дар шаҳри Ҳисор ба ҳисоб меравад.

Дар ин ҷо нахуст хати истеҳсоли шифери асбестӣ муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар омода кардани шифер ва қубурҳои асбестӣ 90 фоиз сементи истеҳсоли ватанӣ истифода мегардад, ки ин усули фаъолият ба рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат заминаи мусоид мегузорад.

Аз рӯи ҳисоби миёна, корхона дар як рӯз имкон дорад, ки 2 ҳазор адад шифер ва 300 адад қубури асбестиро бо андозаҳои гуногун ва мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ истеҳсолу ба мизоҷон пешниҳод намояд. Дар ин ҷо ба ғайр аз қубурҳои асбестӣ ва шифер қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар маҷмӯъ 76 намуди чунин маҳсулот бо шакл, андоза ва қутрҳои мухталиф истеҳсол мегардад, ки қисми зиёди онҳо ба содирот нигаронида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз хати дигари муосири технологӣ — истеҳсолӣ қубурҳои оҳанӣ ва профилҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар ин ҷо бо андозаҳои гуногун, доирашакл, чоркунҷа ва мувофиқ ба завқи харидор омода ва пешниҳод карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолӣ дар ин хати муосири технологӣ дар як рӯз 60 тонна ва дар як сол беш аз 7 ҳазор тонна қубурҳои оҳанини қутрашон гуногун мебошад. Ба гуфти муассиси корхона, дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер, қубурҳои асбестӣ ва оҳанӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестию оҳанӣ масолеҳи сифаташ баландро истифода баранд.

Пешвои миллат ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро танҳо дар ин сурат истеҳсолоти ватанӣ метавонад рақобатпазир бошад ва харидорони худро дар бозорҳои дохиливу хориҷи мамлакат пайдо намояд.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ин корхонаи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

Рӯзи 22 июл Президент ҳамчунин бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, нахуст аз замини наздиҳавлигии оилаи Усмоновҳо боздид ба амал оварда, бо тарзи истифодаи пурсамару оқилонаи замин ва вазъи зиндагии ин оилаи намунавӣ аз наздик шинос шуданд.

Аъзои оила дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти меҳнати содиқона ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ, ки баробари таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ, ҳамчунин ба баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинон мусоидат мекунад, дар назди ҳавлии хеш ду гармхона бунёд намуда, кишту парвариши помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, боимҷон, лаблабу, ангур, лимӯ ва навъи гуногуни зироатро ба роҳ мондаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба пӯхтани нонҳои лазиз, коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ барои зимистон машғул буданд, суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занони рӯзғордида ва соҳибтаҷрибаи деҳаро барои омӯзонидани ин ҳунар ба ҷавондухтарон ҳидоят намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Усмоновҳо барои истифодаи пурсамари замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ашёи рӯзғор, аз ҷумла яхдон, телевизиор, компютер, мошинаи дарздӯзӣ, бастаи китобҳои бадеӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Дар идома Сарвари давлат аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва истифодаи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон дидан намуданд.