Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе дар шаш моҳи аввали соли 2020 ба 6 миллиарду 729,9 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 20,7 фоизро ташкил додааст.
Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода дар нишасти матбуотии рӯзи 24 июл маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар моҳҳои январ — июни соли 2020 рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба андозаи 103,3 фоиз, гардиши савдо 109,5 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 103,5 фоиз ва боркашонӣ 111,5 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра дар 464 корхонаҳои саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 192,0 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш 96,1 фоизро ташкил додааст.
Корхонаҳои саноатии пойтахт ба андозаи 2,3 миллион доллар маҳсулот содирот кардаанд.
Дар ин давра дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 12 иншоот барои 13284 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 6 мактаб барои 6764 ҷой, аз тарафи Вазорати маориф ва илм 1 мактаб барои 1200 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 5 мактаб барои 5320 ҷой идома доранд.
Дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт аз ҷониби соҳибкорону эҳсонкорон корҳои лоиҳакашии 8 муассисаи таълимӣ барои 6272 ҷойи нишаст дар як баст оғоз гардидааст.
Сохтмони 12 муассисаи томактабӣ барои беш аз 2380 ҷой ва корҳои лоиҳакашии 9 муассисаи томактабӣ барои 1900 ҷой идома доранд.
Дар ин давра дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро ба пуррагӣ тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар моҳҳои январ – июни соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 4078,1 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Гардиши савдои хориҷӣ бошад, 216,7 миллион долларро ташкил додааст. Содирот ба 4 миллион доллар ва воридот ба 212,7 миллион доллар баробар гардидааст.
Дар моҳҳои январ – марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 54,9 миллион долларро ташкил додааст. Гуфта мешавад, ҳоло дар ҳудуди пойтахт 29 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 16 корхона ба маблағи умумии 25,6 миллион доллар сармояи мустақим ва 13 корхона ба маблағи умумии 29,3 миллион доллар дигар сармоягузориҳоро ҷалб шудаанд. Айни замон дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд.
Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, ба ҳолати 1 июни имсол аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 7497 адад ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шудааст. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввал тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3862 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Дар ин давра ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус (COVID-19) 196 адад зергурӯҳҳои корӣ иборат аз 693 нафар таъсис ёфта, зимни чорабиниҳои аз ҷониби онҳо гузаронидашуда 38,7 ҳазор нафар сокинон ва меҳмонони бе ниқоб гашту гузоркунанда муайян гардида, ба онҳо ниқобҳои яккарата ва бисёркарата тариқи ройгон дастрас карда шудааст.
Айни замон дар шаҳри Душанбе 137 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (бо фарогирии 29854 нафар) ва 149 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо фарогирии 205625 нафар хонанда) ва инчунин 5 муассисаи интернатӣ ва 1 хонаи кӯдакони синни томактабӣ (бо фарогирии 1037 нафар хонандагон) фаъолият менамояд.
Дар пойтахт 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд. Мақомоти шаҳр мегӯянд, дар нимсолаи аввали имсол 42,4 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 ҳазор нафар кам мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 1,5 ҳазор нафар ё 3,5 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил додаанд:
“Дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3376 нафар табибон ва 5463 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд”.
Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 2199 оилаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 567 ҳолат кам мебошад. Шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар ин давра ба 931 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 49 адад кам мебошад, маълумот дода шуд дар нишаст.
Ба маълумоти расмӣ, айни замон дар шаҳри Душанбе маҷмӯан 74 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 19 масҷиди ҷомеъ, 55 масҷиди панҷвақта, инчунин 29 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти худро дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, тибқи муқаррароти санадҳои амалкунанда ва талаботи қонунҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.
Дар ин давра вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 30 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардидааст.
Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди шаҳр 2608 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҷиноят ё 3 фоиз зиёд будааст.