Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад

Shared to Facebook Shared to Max

8-уми майи соли 2026, дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини президенти ширкати «Wuhan Building Material Industry Design & Research Institute Co Ltd.» Зуо Даёнг мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни ширкати «Wuhan Building Material Industry Design & Reserch Institute Co Ltd.» ва ҶДММ «Аён Энерҷӣ» дар самти бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт дар ҳудуди вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо барои таҳкими иқтидори энергетикии кишвар, афзоиши истеҳсоли энергияи «сабз» ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад.

Акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон