Хатлон: Симпозиуми байналмилалӣ оид ба Хутали қадим

Shared to Facebook Shared to Max

11 май дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» ба кори худ оғоз намуд, хабар додааст Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Ҳамоиши мазкур бо дастгирию ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир карда мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи Симпозиум роҳбарону намояндагони сохторҳои давлатӣ, олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд. Аз ҷумла, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сафарзода Анвар, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Хоҷазода Шералӣ Раҷаб, намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ аз Россия ва Эрон, инчунин мутахассисони соҳаи таърих ва бостоншиносӣ суханронӣ намуданд.

Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш тарғиб, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Хутали қадим, таҳкими ҳамкории илмӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Ҳамоиш ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад.

Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои боз ҳам амиқтар омӯхтани саҳифаҳои нокушодаи таърих, муаррифии дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиши мероси ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тибқи барнома, чорабиниҳои симпозиум аз 10 то 14 май дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Норак ва ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг ва Данғара идома ёфта, дар доираи он нишастҳои илмӣ, муҳокимаҳои тахассусӣ ва боздид аз ёдгориҳои таърихӣ баргузор мегарданд.

➡️Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон