Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 10,75 фоизи солона аз 3 августи соли 2020 муқаррар гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, ин тасмим бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ бинобар таъсири пандемияи коронавируси COVID-19 ва бо дарназардошти нисбатан муътадил гардидани интизориҳои таваррумӣ дар ҷаҳон ва дар дохили ҷумҳурӣ, инчунин ҷиҳати дастгирии бахши воқеии иқтисодиёти кишвар андешида шудааст.
Бонки миллӣ аз оғози сол бори дуюм меъёри бозтамвилро паст мекунад: охири моҳи апрел он 1 банди фоизӣ — то 11,75{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}-и солона поин рафта буд.
Бино ба маълумоти оморӣ, таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи июни соли ҷорӣ ба 8,4 фоиз баробар гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,3 банди фоизӣ кам мебошад:
“Болоравии нисбии сатҳи нархҳо асосан дар моҳҳои март-апрели соли равон ба андозаи 3,8 фоиз ба амал омад, ки ба раванди мазкур бештар афзоишёбии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла орд, биринҷ, шакар, равғани пахта, картошка, пиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ таъсири худро расониданд. Аз моҳи майи соли ҷорӣ сатҳи нархҳо нисбатан муътадил гардида, дар моҳи июн коҳишёбии сатҳи таваррум ба андозаи 1,1 фоиз ба қайд гирифта шуд”, — мегӯяд БМТ.