Дар шаш моҳи якуми соли 2020 хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз, дар ҳаҷми умумии тақрибан 2 миллиард сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 3 август дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якум нишон дод, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ низ бетаъсир намонд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи вазир, дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 32,4 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 банди фоизӣ кам аст:
“Аз ҷумла, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳо 45,3 фоиз ва тарабхонаҳо 17,3 фоиз, мусофиркашонӣ 8,7 фоиз, аз ҷумла бо нақлиёти ҳавоӣ 57,8 фоиз ва роҳи оҳан 21,4 фоиз, гардиши савдо 5,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ 26 фоиз, воридот 4 фоиз ва боркашонӣ 3,3 фоиз,бахусус бо нақлиёти ҳавоӣ 38 фоиз дар ҳаҷми умумии тақрибан 2 млрд. сомонӣ коҳиш ёфтанд”, — гуфт Завқизода.
Ҳамзамон маълумот дода шуда, ки нархи ҷаҳонии пахта ба санаи 27 июли соли ҷорӣ нисбат ба аввали сол 197 доллар ва алюминий 104 доллар паст шуданд, ки ин ба ҳаҷми содирот бетаъсир намемонад.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар шашмоҳаи аввали имсол суръати рушди гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 2,8 банди фоизӣ ва воридоти мол 4 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз ё 21,8 млн. доллар ва содироти молу маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,8 млн. доллар ё 14,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин коҳишёбии ҳаҷми саноати истихроҷ 1,8 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастарасӣ коркарди дуюмдараҷа 16,9 фоиз мушоҳида гардидааст:
“Коҳишёбии суръати истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ асосан аз ҳисоби зерсоҳаи истихроҷи маъданҳои филизӣ (98,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), истихроҷи ҳар гуна канданиҳои фоиданок (81,1 фоиз) ва истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ (96,0 фоиз) ба назар мерасад”, — гуфта шуд дар нишаст.
Гуфта шуд, дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон корхонаҳои саноатии кишвар ба як қатор мушкилот, аз ҷумла дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ ва ашёи хом, таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва мутахассисони ботаҷриба, инчунин коҳишёбии нархи молу маҳсулоти содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ дучор гардиданд. Аз 2216 корхонаи саноатии бақайдгирфташуда 124 корхона аз фаъолият бозмондаанд.