Кушиши худкушии вазири нақлиёти Тоҷикистон

Shared to Facebook

Вазъи саломатии вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода, ки баъди кушиши худкушӣ дар бемористон бистарӣ аст, мӯътадил шудааст. Дар ин бора яке аз наздикони Худоёрзода изҳор дошт. Қаблан мақомот ҳам инро тасдиқ карданд.

Имрӯз, 11 август, Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар заминаи муноқишаи оилавии бавуҷудомада дар хонаи истиқоматии худ бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани худ даст ба худкушӣ задааст. Ин ҳодиса соати 5-и субҳ рӯй додааст:

“Ҳамсари Худоёрзода Х. — Қаландарова А., писараш Худоёров Некрӯз, духтараш Худоёрова Зайнура, келинаш Суфишоева Гулнисо ва дигар аъзои оилаи ӯ, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ӯ кумаки аввалиндараҷа расониданд”, — омадааст дар иттилоияи Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.

Айни ҳол Худоёрзода дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати муътадил таҳти назорати духтурон қарор дорад.

Мақомот гуфтанд, вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.