23 апрел дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ оид ба фаъолсозии содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Федератсияи Русия баргузор гардид, хабар медиҳад Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавзӯи асоси вохӯрии мазкур, ташкили содироти сабзавоти барвақтӣ ба Русия буд.
Вохӯрӣ таҳти раёсати директори Агентӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода бо иштироки Намояндагии тиҷоратии Русия ва ширкати «Солнечная Долина» баргузор гардид.
Ҷонибҳо муҳлат, ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти содиротиро бо дарназардошти мавсими пухтарасии зироатҳо баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва густариши номгӯи он, на танҳо вазифаи ҷорӣ, балки яке аз ҳадафҳои стратегии давраи ҷорӣ ба ҳисоб меравад.
Фаъолсозии ҳамкорӣ барои таъмини бозори Русия бо сабзавоти барвақтӣ ва ташкили низоми устувори логистикӣ равона шудааст.
▶️Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон





