Мураббии сербӣ Горан Стеванович бинобар ба анҷом расидани муҳлати шартнома вазифаи сармураббии дастаи миллии Тоҷикистонро тарк кард, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Таҳти роҳбарии ӯ тими миллӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 натиҷаи назаррас нишон дод – дар чор бозӣ се пирӯзӣ ва як мусовӣ ба қайд гирифта, роҳхати қисми ниҳоиро соҳиб шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Горан Стеванович барои саҳм дар рушди дастаи миллӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи мураббигӣ барору комёбиҳо орзу мекунад.
Дар мавриди таъйини сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон маълумот дертар нашр мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон




