Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф
ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чанде аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ва динӣ вобаста ба ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба унвони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ фиристодаанд.
Ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар ин паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои азими тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар арсаҳои давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, инчунин таҳкими пайвастаи обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, қайд гардидаанд.
Муаллифони барқияҳои табрикотӣ ҳамчунин таманниёти самимонаи худро ҷиҳати сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон иброз дошта, ба Сарвари давлати мо некӯаҳволӣ ва комёбиҳои беш аз пеш дар фаъолияти сермасъули давлатиашон орзу намудаанд.
Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон чанде аз ин барқияҳоро нашр кард, ки чунинанд:
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,
Ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимиро қабул фармоед.
Кишвари Шумо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба дастовардҳои муҳим ноил гардида, дар умури минтақавию байналмилалӣ нақши созанда мебозад.
Муносибатҳои Россияву Тоҷикистон дар рӯҳияи иттифоқиву шарикии стратегӣ ба таври фаъол рушд меёбанд. Ҳамкориҳои мо дар самтҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба ва дар чорчӯбаи ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ вусъат ёфта истодааанд.
Бовар дорам, ки афзоиши минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити Россияву Тоҷикистон ба манфиатҳои аслии мардумони дӯсти мо ҷавобгӯ буда, дар маҷрои таҳкими субот ва амнияти Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавию муваффақият ва ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ орзу менамоям”.
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии сарвари давлати мо чунин менигорад:
“Муҳтарам Ҷаноби Президент,
Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат, мардуми Чин ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти қалбиву таманниёти беҳтарини худро иброз намоям.
Баъд аз авҷгирии ҳамагирии КОВИД-19 Чину Тоҷикистон ба ҳамдигар кумак расонида, саъю талоши худро барои ҳифзи муштараки саломативу ҳаёти мардумони ду кишвар муттаҳид месозанд, ки моҳияти асосии ҷомеаи рушди муштарак ва амниятии Чину Тоҷикистонро инъикос менамояд. Ман итминон дорам, ки Чину Тоҷикистон бо саъю талоши муштарак метавонанд эпидемияро комилан мағлуб созанд.
Аз оғози соли равон мову Шумо аз тариқи муросилоти хаттӣ ва суҳбатҳои телефонӣ пайваста дар тамос буда, оид ба масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар пасманзари эпидемия мубодилаи амиқи афкор анҷом медиҳем.
Ман ба рушди муносиботи байни Чину Тоҷикистон аҳаммияти калон медиҳам ва тасмим дорам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо ҷиҳати мунтазам ба сатҳи баландтар баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба нафъи кишварҳову мардумонамон саъю талош намоям.
Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву тавоноӣ ва ба мардуми он саодатмандиву рифоҳ таманно дорам”.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар барқияаш гуфтааст:
“Мӯҳтарам ҷаноби Президент,
Аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти беҳтарини худро ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди соҳибистиқлолии миллӣ ирсол менамоям.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари Шумо ҷонибдорӣ мекунад. Ман хоҳони идомаи шарикиамон ҷиҳати мусоидат ба Тоҷикистони демократӣ, босуботу осоишта, ҳамчунин густариши рушди иқтисодии минтақавӣ мебошам. Изҳори умед менамоям, ки дар ҳоле, ки мо ба хотири таъмини амнияти воқеӣ ва сулҳи пойдор дар Афғонистон, инчунин суботу худиктифоии он якҷоя кор мекунем, ин шарикӣ танҳо рушд хоҳад ёфт.
Мо минбаъд низ ҷонибдории худро ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар муборизаи дастаҷамъона бар зидди COVID-19 ва дар роҳи барқарорсозии иқтисодиёт идома хоҳем дод.
Мутмаинам, ки ҳамкориҳои ду кишвари мо дар солҳои оянда низ идома хоҳанд ёфт”.
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Иҷозат фармоед, ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлол ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти гарми ин ҷонибро изҳор намоям.
Ҳар як узви Созмони Милали Муттаҳид дорои фарҳангу таърихи нодири худ мебошад ва рангорангии онҳо Созмон ва ҷаҳони моро ғанӣ месозад. Иштироки кишвари Шумо дар ҳамаи ҷанбаҳои рӯзномаи байналмилалии фаъолияти Созмони Милалли Муттаҳид фавқулода муҳим аст.
Имсол, дар Даҳсолаи аввали дастрасӣ ба Хадафҳои соҳаи рушди устувор мо бояд сатҳи иддаоҳоямонро дар ҷодаи эъмори ҷаҳонишавиии одилона, ки ба нафъи ҳамагон равона шудааст, баланд бардорем ва дар мубориза бо тағйирёбии иқлим чораҳои қатъӣ андешем.
Дар ин кушишҳои муштаракамон ҷиҳати дастёби ба олами ҳарчи бештар осоишта, одилона ва усулҳи устувори ҳамагонӣ ман ба саҳм ва мусоидати Ҷумҳурии Тоҷикистон умед мебандам.
Ҷаноби Олӣ, итминони маро ҷиҳати олитарин эҳтиромоти фоиқаам ба Шумо қабул фармоед”.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Иҷозат фармоед аз номи мардуми гуногунқавми Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик намоям.
Тӯли солҳои истиқлол зери роҳбарии бевоситаи Шумо дар Тоҷикистон ислоҳоти муҳиму фарогир дар ҳамаи соҳаҳо ба татбиқ расиданд. Сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас баланд гардида, дар кишвар корҳои бузурги созанда амалӣ шуда истодаанд.
Обрӯ ва нақши афзояндаи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси хушнудии хоссаи мост. Аз ҷумла, бо ташаббуси Шумо эълон гаштани даҳсолаи нави “Об барои рушди устувор” дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва раёсати муваффақонаи кишваратон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мисоли равшани он мебошанд.
Тайи солҳои охир дар натиҷаи саъйю талошҳои муштарак, муколамаи кушоду дӯстона ва тавофуқоти мушаххасамон бародарии чандинасра, ҳамҷавории нек ва дӯстии абадии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав – шарикии стратегӣ барварда шуданд.
Мо шодем, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба рӯ ба афзоиши босуръат ниҳода, лоиҳаҳои ояндадори инвеститсионӣ татбиқ мегарданд, равобити мо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва муносиботи байни минтақаҳоямон, хусусан пойтахтҳоямон тавсеа ёфта истодааст.
Боварӣ дорам, ки чорабиниҳои васеъи дарпешистода бо иштироки сарвазирони мо, табодули фарҳангиву гуманитарӣ, бешак, барои ташаккули рӯзномаи нави муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва омодагии ҷиддӣ ба мулоқотҳои муштараки сатҳи олии минбаъдаамон заминаи устувор фароҳам хоҳанд сохт.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, бародари азизам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавӣ, саодатмандии оилавӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон дастовардҳои нав, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ ва рушди устувор таманно дорам”.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Аз номи мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик менамоям.
Аз рӯзи ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Мутмаинам, саъю талошҳои мо, ки ба рушди муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон равона шудаанд, ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманди байни ду давлат такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Бовар дорам, ки мо метавонем тамоми имкониятҳоро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафҳои гузошташуда барои ояндаи саодатмандона ва ҳаёти осоиштаи мардумони бародарамон мавриди истифода қарор диҳем.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба аъзои оилаатон саломатии бардавому хушбахтӣ ва дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам”.
Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси зимни табрикоти худ овардааст:
“Табрикоти самимиро ба муносибати иди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол қабул фармоед.
Тоҷикистон дар ҷодаи таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияти худ, дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ собитқадамона пеш меравад. Итминон дорам, ки зери роҳбарии Шумо кишваратон ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил гардида, ба давлати тараққиёфтаву шукуфо табдид хоҳад ёфт.
Муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон намунаи равшани равобити дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд мебошанд. Бовар дорам, ки муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба марҳалаи дар тарих наву беназир ворид гардида, дар рӯҳияи шарикии ҳамаҷониба рушд хоҳанд кард.
Аз ин фурсати фараҳбахш истифода бурда, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавию дастовардҳои бузург ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ хоҳонам”.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Таманниёти сидқии моро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Тайи солҳои соҳибихтиёрӣ саҳифаҳои таърихи давлатдории кишвари Шумо бо дастовардҳо ва рӯйдодҳои намоён ғанӣ гардид.
Таҳти роҳбарии самарабахши Шумо Тоҷикистон таҳаввулоти хело ҳам муҳимро, ки ба таъмини рушди босубот, азнавсозии иқтисод ва баланд бардоштани обрӯву мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудаанд, дар амал татбиқ кард.
Дар Қазоқистон аз дастовардҳои Тоҷикистони бародар сидқан хушнуданд ва ба таҳкими дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни кишварҳои мо аҳаммияти бузург медиҳанд.
Бовар дорам, ки муколами сиёсии сатҳи олии мо дар оянда ҳам ҳамчун заминаи мустаҳкам барои таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон хидмат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти давлатиатон дастовардҳои навин ва ба мардуми бародари Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам”.
Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми кишваратон табрикоти қалбӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.
Боиси хушнудист, ки дастовардҳои кишвари Шумо, ки ба онҳо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодву иҷтимоӣ ноил гаштаед, инчунин сатҳи баланди рушди муносибатҳои барои ҷонибҳо судмандро, ки байни кишварҳои мо барқарор шудаанд, зикр намоям. Итминони қавӣ дорам, ки садоқати Туркманистону Тоҷикистон ба рушди минбаъда ва таъмиқи муколамаи байнидавлатӣ ҷавобгӯи манфиатҳои ду мардум мебошад.
Бо истифода аз имкони фароҳамомада ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодатмандиву рифоҳ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорам”.
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Шуморо ба муносибати таҷлили Иди миллии кишвар – Рӯзи истиқлол сидқан табрик менамоям.
Мо аз таҳким ёфтани соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистони дӯст, дастовардҳои он дар соҳаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд гардидани обрӯву мақоми он дар арсаи байналмилалӣ изҳори хушнудӣ менамоем.
Кишварҳои моро муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба ҳам мепайванданд. Бовар дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо, ки ба усули эътимод ва дастгирии мутақобила асос ёфтаанд, мутобиқ ба орзуву ормонҳои мардумонамон минбаъд ҳам густаришу таҳким хоҳанд ёфт.
Мехоҳам ҳамдилии мардуми Озарбойҷонро бо мардуми дӯсти Тоҷикистон дар мубориза бо ҳамагирии КОВИД-19, ки тамоми дунё ба он дучор гардидааст, таъкид намоям.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзи фирӯз ба Шумо ҳамаи хушиҳо ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон некӯаҳволиву шукуфоӣ хоҳонам”.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Шумо ва дар симои Шумо тамоми сокинони Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли давлатӣ сидқан табрику муборакбодӣ менамоям.
Кишварҳои мо усули дӯстӣ, эҳтиром ва этимоди мутақобиларо дастури амал қарор дода, ҳамкориҳояшонро дар ҳамаи самтҳо босуръат рушд дода истодаанд. Муколамаи сиёсӣ ба таври фаъолона пеш бурда мешавад, лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ бомуваффақият татбиқ мгарданд, ҳамкории созанда дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ тавсеа меёбад.
Муътақидам, ки муносибатҳои шарикии байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам бар нафъи мардумони мо таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии бардавому фаъолияти самарабахш дар маснади олии давлатӣ ва ба ҳамватанони Шумо сулҳу субот таманно намоям”.
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон, чунин омадааст:
“Ҷаноби Президент,
Ман Шуморо ба муносибати Иди миллии Тоҷикистон аз самими дил муборакбод мегӯям.
Ман сидқан боварӣ дорам, ки чораҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҳамагирӣ ва маҳдуд кардани оқибатҳои иқтисодии он, самараи худро хоҳанд дод. Шумо метавонед дар оянда ҳам ба омодагии Франсия ҷиҳати мубодилаи таҷрибаи худ бо Тоҷикистон ва сафарбарбар намудани кумаки байналхалқи ба нафъи он итминон дошта бошед.
Ва ба азми қотеонаи ман ҷиҳати татбиқи он самтҳое, ки мо аснои сафари Шумо 9 ноябри соли гузашта ба Франсия, хусусан дар соҳаҳои саноат, амнияти ҳавопаймоӣ, инчунини сарчашмаҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, тандурустии ҷамиятӣ ва савдои чакана муайян карда будем, мутмаин бошед.
Ҷаноби Президент, лутфан итминони маро ҷиҳати эҳтироми амиқ ба Шумо ва хотироти неки ин ин ҷониб қабул фармоед”.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Бароям боиси сарфарозии азим аст, ки табрикоти гарму самимии худро унвонии Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ирсол дошта бошам.
Тоҷикистон ва Покистон аз робитаҳои самимӣ ва бародарона, ки дар заминаи эҳтиром ва эътимоди тарфайн сурат мегиранд, бархурдор мебошанд. Покистон ба таҳкими минбаъда ва гуногунрангии ин муносибот, баҳри манфиати ду халқи ба ҳам бародари мо мароқи устувор дорад. Мутмаинам, ки мо дар ҳамкории якҷоя дар солҳои минбаъда низ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи наҷибамон талош варзида, муносиботи олии мавҷудаи дуҷонибаамонро ҳарчи бештар таҳким хоҳем бахшид.
Аз лаҳзаи муносиб истифода намуда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом, хушбахтӣ, некуаҳволӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон бошад, идомаи пешрафту бурдбориро орзу менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми хосса ва олии маро бипазиред”.
Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер, дар барқияаш навиштааст:
“Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рузи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми тоҷик таманниёти самимиамонро ирсол менамоям.
Ҳамагирии КОВИД-19, ки дар пеши мо вазифаҳои бузург мегузорад, имрӯз бори дигар муҳиммияти ҳамкориҳои созандаи байналмилалиро таъкид менамояд. Дар ин айёми мураккаб Олмон минбаъд ҳам, чи дар доираи амалисозии стратегия Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва чи дар самти ташаббуси нави “Осиёи Марказии сабз” дар соҳаи иқлим ва амният, шарики муътамади Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Шахсан ба Шумо ва мардуми тоҷик тамоми хушиҳо ва сулҳу некуаҳволиро хоҳонам”.
Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
“Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати Ҷашни миллӣ ба Шумо ва ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Италия ва шахсан аз номи худам беҳтарин таманниёти қалбиамро ирсол менамоям.
Дар қаринаи ҳарчӣ бештар шудани таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Италия ба Осиёи Марказӣ, Душанбеву Римро муносибатҳои самимонаи дӯстона, ки асоси мустаҳками муносибатҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла дар чорчӯбаи ҳамкориҳои бисёрҷониба мебошанд, ба ҳам мепайванданд.
Бо ин манзур таманниёти самимии худро ҷиҳати накӯаҳволии Шумо ва шукуфоии мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдид менамоям”.
Дар табрику таҳнияти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ чунин омадааст:
“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаро расидани бисту нуҳумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми кишваратон самимона табрик мегуям.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора алоқаманд ба густаришу тахкими ҳар чи бештари муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон дар ҳамаи арсаҳои дуҷониба ва чандҷониба аст. Дар шароити кунунии ҳосил аз буҳрони ҷаҳонии каронавирус низ зарур аст, масъулони ду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳо ба манзури рафъи мушкилоти иқтисодии минтақа ва интиқоли таҷрибаҳо дар заминаи муқобила бо ин беморӣ, талош ва сайъи бештаре бо якдигар дошта бошанд.
Умедворам дар партави ҳусни тафоҳум ва талоши муштарак, шоҳиди густариши беш аз пеши равобити дуҷониба дар ростои манофеъи мутақобил ва ҳамчунин таҳкиму тавсеаи сулҳу амнияти минтакавӣ ва байналмилалӣ бошем.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва мувафаққияти он Ҷаноб ва иззату сарбаландии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам”.
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ гуфтааст:
“Мӯҳтарам Ҷаноби Президент,
Ба муносибати Рӯзи Истиклолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро шахсан аз номи худам ва аз номи мардуми Туркия аз самими қалб табрик менамоям.
Итминони комил дорам, ки бо кӯшишу талошҳои якҷоя муносибатҳои наздику дӯстонаамонро, ки аз арзишҳои муштараки мардумонамон сарчашма мегиранд, минбаъд низ густариш дода, ба арсаҳои боз ҳам баландтар мебардорем.
Бо истифода аз фурсат таманниёти беҳтарини хешро баҳри тансиҳативу хушбахтии Ҷаноби Олӣ ва беҳбудиву осудаҳолии мардуми дӯсти Тоҷикистон баён менамоям”.
Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин дар барқияаш навиштааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон самимонатарин таманниёти худро ба муносибати Рӯзи истиқлол арз менамоям.
Дар Сиёсати Нави Шимолӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мо татбиқ мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики муҳим ва дӯсти арзишманди мо, ки метавонад ба сулҳу шукуфоии умум дар қитъаи АвруОсиё мусоидат намояд, муайян шудааст. Ман умед дорам, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон, ки бар асоси дӯстиву ҳамкорӣ барқароранд, бо самтгирӣ ба оянда минбаъд ҳам бар нафъи ҷонибҳо амиқ гардида, инкишоф хоҳанд ёфт.
Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо КОВИД-19 мубориза бурда истодааст, мо аз ҳамкории зичи кишварҳоямон дар соҳаи гуманитарӣ изҳори хушнудӣ мекунем. Таманнои онро дорам, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо буҳрони марбут ба паҳншавии КОВИД-19-ро ҳарчи зудтар пушти сар намояд.
Ҷаноби Олӣ, лутфан таманниёти самимии ин ҷонибро ҷиҳати сиҳатмандиву комёбиҳои Шумо, ҳамчунин рушди бепоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед”.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 29-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.