Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии 35-солагии Истиқлолро ба фурӯш баровард

Shared to Facebook

Бонки миллии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тангаҳои хотиравии ҷашниро ба фурӯш баровард. Дар тарҳи онҳо рамзҳои давлатдорӣ, манзараҳои табиии Тоҷикистон ва нишонаҳои рушди кишвар дар солҳои истиқлол инъикос ёфтаанд.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар рӯйи тангаҳо Нишони давлатии Тоҷикистон ва номинали онҳо ҷойгир шудааст. Дар канори танга навиштаҷоти “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ омада, инчунин навъи филиз ва вазни танга нишон дода шудааст.

Дар пушти танга рамзи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо навиштаҷоти “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва солҳои 1991-2026 ҷой дода шудааст. Дар маркази он тасвири “Маҷмааи Истиқлол” ҳамчун яке аз рамзҳои истиқлол ва давлатдории муосири Тоҷикистон ҷой дорад.

Яке аз вижагиҳои тарҳи тангаҳо тасвири кӯҳҳо, пиряхҳо, об ва дигар манзараҳои табиии Тоҷикистон мебошад. Дар он ҳамчунин роҳ, нақб ва неругоҳҳо инъикос ёфтаанд, ки ба рушди инфрасохтор ва энергетикаи кишвар ишора мекунанд.

Рақами “35”, ки бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон тасвир шудааст, дар қисми рости рамз ҷойгир мебошад.

Бонки миллӣ мегӯяд, тангаҳои хотиравӣ ба ғайр аз арзиши нумизматӣ, як навъ бозтоби рамзии таърихи се даҳсолаи истиқлол мебошанд. Дар як тарҳ рамзҳои давлатдорӣ, табиат ва дастовардҳои даврони истиқлол ҷамъ оварда шудаанд.

Тангаҳои ҷашнӣ аз тилло бо иёри Au 999 ва нуқра бо иёри Ag 925 сикка зада шуда, барои харид дастрасанд.