Дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” расман ифтитоҳ ёфт. Марказ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи Муассиса, ки рӯзи 15 сентябр баргузор гардид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита, роҳбари намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNDP) Пратибҳа Меҳта ва роҳбарону намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Ба гуфтаи Фаррух Ҳамрализода, ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкорӣ аҳамияти махсус дода, дар ин самт барои ташаккули соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ҳамин аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ соҳибкорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар аз он вобастагии зиёд дорад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар моҳи декабри соли 2018 дастур доданд, ки муассисаҳои омӯзишӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, таъсис дода шаванд.
Охирҳои декабри ҳамон сол бо қарори ҳукумат дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” таъсис дода шуд, ки ҳадафаш дастгирии соҳибкорони ҷавон ва рушди соҳибкории хурду миёна тавассути хизматрасониҳои методӣ, иттилоотӣ, омӯзишӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ мебошад.
Ҳамзамон ба ин, рӯзи гузашта дар доираи ин чорабинӣ Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) аз оғози “Лоиҳаи бизнес-инкубатсия” хабар дод, ки фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои ҷавонон, занон, муҳоҷирон ва стартапҳоро дар назар дорад.
Бино ба маълумоти масъулон, ин лоиҳаи дусола асосан дар 8 ноҳия (Ашт, Ҳамадонӣ, Хуросон, Конибодом, Кӯлоб, Рашт, Ваҳдат ва Восеъ) тавассути як силсила тренингҳои ба тиҷорат нигаронидашуда ва мудирият, ҳамчунин тавассути содда кардани расмиёти дахлдори маъмурии давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Роҳбари Намояндагии JICA дар Тоҷикистон Танабе Ҳидеки гуфт, ин лоиҳа бо ҳадафи ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳот ва баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои хурду миёна дар кишвар равона карда шудааст.
Директори Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” Дилшод Ҷӯразода гуфт, дар доираи ин лоиҳа соҳибкорони касбиро барои иштирок дар стартап-толкс ҷалб менамоянд, то аз таҷрибаҳои муваффақонаи худ ба соҳибкорони ҷавон маълумот диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, аллакай дар доираи ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо шарикон чандин чорабиниҳои омӯзишӣ бо иштироки соҳибкорони ҷавон гузаронида шуданд. Аз ҷумла, аз оғози фаъолият Муассиса беш аз 300 тренинги омӯзишӣ, семинарҳои кушод, форумҳои васеи соҳибкорӣ бо иштироки соҳибкорони муваффақи ватанию хориҷиро баргузор кардааст.
Ба гуфтаи Дилшод Ҷӯразода, шароити феълӣ тақозо мекунад, ки соҳибкорон шаклҳои нави роҳандозӣ ва идоракунии тиҷорат ва соҳибкориро фаро гирифта, ҳамчунин, тавассути иртиботи тиҷориву истеҳсолӣ фаъолияти худро тавсеа диҳанд. Ҳамзамон, сифатнокии фаъолият, тобоварӣ ба рақобат, пешниҳодҳои нав ва мутобиқ ба талаботи рӯз аз ҷумлаи муҳиммиятҳои соҳибкорӣ ва истеҳсолот маҳсуб мегарданд.
“Муассиса як майдони васеъ барои муаррифии соҳибкорон ва лоиҳаҳои онҳост. Он ба соҳибкорони имкон медиҳад, ки вориди фазои тиҷоратӣ гарданд ва аз машваратҳои мутахассисони касбӣ мунтазам истифода намоянд, мустақиман ба сармоягузорон дар иртибот бошанд. Бахусус, барои шахсоне, ки акнун ба соҳибкорӣ рӯ меоранд, ин хеле муҳим аст”, — изҳор дошт Ҷӯразода.