Чароғи дӯстӣ. Тоҷикистону Ӯзбекистон машъалафрӯзони сулҳу дӯстӣ дар минтақа ва ҷаҳонанд

Shared to Facebook

Адабиёту забон, фарҳанг ва ҳунар аз калидвожаҳое шуморида мешаванд, ки халқияту миллиятҳои ҷаҳон бо рушду густариш додани онҳо мақому мартабаи худро аз зинаҳои поёнӣ ба боло мерасонанд. Мардуми Осиёи Марказӣ, хусусан тоҷикону ӯзбекон, бо доштани ҳамин авсофӣ адабӣ ва хислати неки башарӣ байни ҳам аз қадим равобити дӯстиву ҳамсоягӣ доштанд.

Дӯстиву ҳамсоягӣ ин ду ситораи дурахшоне мебошанд, ки равобиту ҳамкории ҳасанаро байни инсонҳо муҳкам сохта, риштаи меҳру муҳаббатро таҳким мебахшанд.

Дар набуди риштаи дӯстӣ ва меҳрубонӣ мардуми сайёра доимо дар ранҷу азоби руҳиву равонӣ мустақар мемонанд ва чун фарди бемор аз дарду аламҳо шикоят мекунанд.

Таърих бори дигар собит намуд, ки дар як обу хок ба сар бурда, ҷудо зистан ғайриимкон аст. Замоне буд, ки солиёни дароз осмони Тоҷикистону Ӯзбекистон зери абрҳои тираи қаҳролуду бадшакл қарор дошта, тавассути нерӯҳои нохирдаманду ноаҳл ин ду ситораи дурахшонро аз фарҳанги асилу волои худ хостанд канор гузоранд, то аз чароғи партави ҳидоят, заковату адаб ба сӯи ҷаҳолату касофат равон гарданд.

Вале некӣ бар бадӣ ғолиб омад ва паёмоварони нексиришту башардӯст тавонистанд осмони сулҳу салоҳи кишварҳои ба ҳам дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки солҳо боз тираву торик буд, бо қадамҳои муборакашон нуронӣ созанд. Роҳбарони дилсӯзи ҳар ду кишвар — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чароғи дӯстиро аз нав фурӯзон карда, тирагии осмонро аз байн бурданд. Баргузории конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи “Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон” бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин рӯзҳо як бори дигар башорат аз он медиҳад, ки мардумони тоҷику ӯзбек баҳри ободӣ, оромӣ ва озодии самимона ва дӯстона талош меварзанд.

Мо, тоҷикон ва Тоҷикистон, ифтихор дорем, ки чун кишвари озоду мустақил ва дорои сиёсати дарҳои боз қадамҳои хешро устувор гузошта, бо тамоми мамолики ҷаҳон, аз ҷумла кишвари ҳамсоя ва дӯст — Ӯзбекистон равобиту дӯстии худро рӯз аз рӯз тақвият ва таҳким бахшидаем. Ин буд, ки мардуми шарифу фарҳангдӯсти ҳар ду кишвар бо меҳмоннавозиву меҳрубонӣ, ҳамсоягиву дӯстӣ зери сояву пояи вафову камоли меҳру сафо ба ҳамкорӣ дубора оғоз карданд. Мо инро аз чашмони шарарбор, оғӯшҳои боз ва ашкҳои шодии халқҳои тоҷику ӯзбек дидему хондем.

Ӯзбекистон яке аз кишварҳои бузурги Осиёи Марказист, ки маркази тамаддун ва сарватҳои табиӣ маҳсуб меёбад. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимолу шарқ, шимол ва шимолу ғарб бо Қазоқистон, дар ҷанубу ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷанубу шарқ бо Тоҷикистон сарҳад дорад. Шаҳри Тошканд пойтахти кишвар буда, зиёда аз 3 миллион аҳолӣ дорад. Шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Намангону Андиҷон, Тирмизу Фарғона ва Қаршӣ бузургу таърихӣ мебошанд, ки бештари аҳолиашон бо забони тоҷикӣ ошноӣ дошта, суҳбат мекунанд.

Тибқи маълумот, Ӯзбекистон дорои зиёда аз 32 миллион аҳолӣ буда, забони давлатӣ ва расмӣ ӯзбекист, вале русӣ ва англисӣ чун забони илм истифода мешаванд.

Ӯзбекистон истиқлолияти худро санаи 1-уми сентябри 1991 эълон кард. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардид. Соли 1995 дар шаҳри Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард.

Аз санаи 1992 то имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 100 созишнома ва аҳднома дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.

Аҳдномаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар яке аз санадҳои асосие аст, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар аз 4 январи соли 1993 ба имзо расид ва дар баҳори 2018 баъди сафари раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон он дубора мавриди таъйиди ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар партави ҳамин мулоқотҳо ҷонибҳо бори дигар исбот карданд, ки ягона роҳи пешрафт ва рушд дар доштани дӯстиву ҳамсоягист. Ҳамин нуктаро Сафири муҳтарами Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар яке аз суханрониаш аз равобиту дӯстии ҳар ду кишвари фарҳангиву меҳмоннавоз зикри хайр намуда, таъкид кард, ки ҳарду кишвар бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни ҳам дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта, якҷо бо ҳам дар арсаи байналмилалӣ шарик мебошанд.

Рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ заминаи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, коркардҳои илмӣ ва ҳузури муштараки адибони тоҷик ва ӯзбек дар ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳр аз он шаҳодат медиҳад, ки дар партави осори Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ саҳифаи дурахшоне дар таърихи равобити фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек маншаъ мегирад ва бо ҳамин васила умумиятҳои фарҳанги муштараки мардуми тоҷику ӯзбекро тақвият ва тасбит месозад.

Ҳангоми ташрифи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон пояҳои дӯстиву ҳамкории ду давлат боз ҳам таҳким ёфта, ҳамчун шарикони стратегӣ боқӣ монданд.

Минбаъд Тоҷикистону Ӯзбекистон фарҳангу адабиёти ҳамдигарро бештар омӯхта, метавонанд таҷрибаҳои якдигарро дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илм, сарҳад, сайёҳӣ ва дипломатия истифода баранд ва чун поягузорони сулҳу дӯстӣ ва амонӣ дар партавии қавли устод Мирзо Турсунзода — “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугу дорем мо” дар байни аҳли башар бо мактаби созандагиву ободкорӣ боқӣ монанд.

Мирсаид Раҳмонов

ходими илмии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИ ҶТ