23 сентябр таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчен даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.
Бино ба гузориши вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар машваратҳо ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурди Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳими минтақаӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
“Бо қаноатмандӣ густариши пайваста ва ҳадафманди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар тамоми арсаҳо таъкид шуд. Аҳамияти амалисозии тавофуқҳое, ки байни Сарони ду давлат ҳосил шуда буданд, барои таҳким ва таъмиқи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду давлати ҳамҷавор таъкид гардид”, — хабар дод манбаъ.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19-ро баррасӣ кардаанд. Бо дарназардошти паҳншавии вируси нави корона ва таъсири манфии он ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон бар зарурати афзоиши шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду давлат дар ҳамаи сатҳҳо таъкид шудааст.
Тарафҳо ба ҳамкории самарабахш дар чаҳорчӯби ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” ва механизми навтаъсиси “Осиёи Марказӣ – Чин” изҳори умедворӣ кардаанд. Ин ду ҳамоиш шакли муҳими тавсеа ва таҳкими робитаҳо байни Тоҷикистон ва Чин арзёбӣ мешавад.
Илова ба ин, дар машваратҳо масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои роҳбурдии мамлакат – таъмини амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, бурунрафти давлат аз инзивои нақлиётӣ ва саноатикунонии босруъати ҷумҳуриро баррасӣ шудаанд.
Тарафҳо аз ҳамкории босамари ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Ҷониб тавофуқ кардаанд, ки бобати пешбурди пайдарпайи муносибатҳои иштироки ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду давлати дӯст муштаракан кӯшиш мекунанд.